Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ аз коҳиши фавт бар асари COVID-19 дар ҷаҳон иттилоъ дод

Май 5, 2023 20:00

ДУШАНБЕ, 05.05.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Дар давраи аз  3 то 30 апрел дар ҷаҳон тақрибан 2,8 миллион нафар ба сирояти коронавирус мубтало шуда, беш аз 17 ҳазор нафар фавтид. Шумораи фавтидагон нисбат ба 28 рӯзи қаблӣ 30%, шумораи сироятҳо 17% кам шудааст. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад, дар ин хусус шаби ҷумъа Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) хабар додааст.

Дар тӯли чаҳор ҳафта дар саросари  ҷаҳон 2 779 198 ҳолати сироятёбӣ ва 17 459 фавт ба қайд гирифта шудааст.

Давоми 28 рӯз бештари беморон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико – 392 480 нафар ошкор шудааст. Сипас дар рӯйхат Ҷумҳурии Корея (330 509), Ҷопон (251 158), Ҳиндустон (222 784) ва Фаронса (197 190) ҷой гирифтаанд. Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико шумораи бештари фавтидагон дар давраи аз 3 то 30 апрел- 5263 нафар сабт шудааст. Баъдан Бразилия (1255), Русия (993), Фаронса (871) ва Эрон (762) ҷойгир шудаанд.

Ба ҳолати 3 май ба СУТ  дар бораи 765 222 932 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус аз оғози пандемия ва 6 921 614 ҳолати фавт маълумот расидааст.

Азиза ИКРОМ,
АИМТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Май 5, 2023 20:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад