СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН-2023. Имрӯз дастаҳои «Истиқлол» ва «Равшан» дар шаҳри Ҳисор бозӣ менамоянд

Май 6, 2023 09:44

ДУШАНБЕ, 06.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, соати 18:00 бозии Суперҷоми Тоҷикистон-2023 байни чемпиони Тоҷикистон-дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва дастаи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор мегардад. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар ин бозии муҳим ва ҳассос бо либосҳои сурх ба майдон мебарояд. Дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо либоси сафед вориди рақобат мешавад.

Хотиррасон мешавем, ки 8 майи соли 2022 дар варзишгоҳи «Талко Арена»-и шаҳри Турсунзода дар ҳузури 5600 тамошобин мусобиқоти 13-уми Суперҷоми Тоҷикистон-2022 байни дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд доир гардида буд.

Дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд барои ба даст овардани Суперҷоми Тоҷикистон бозии ҷолиб нишон доданд. Ва бо натиҷаи минималии 1 бар 0 дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бар дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд зафар ёфта, маротибаи 11-ум барандаи Суперҷоми Тоҷикистон гардид.

Ҳама бозиҳо барои Суперҷоми Тоҷикистон (2010-2022):

2010 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Истиқлол» (Душанбе) – 0:2

2011 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:0

2012 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1

2013 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1

2014 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Истиқлол» (Душанбе) – 0:5

2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) – 2:2. Аз рӯйи силсилаи пеналтӣ – 4:3

2016 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:2

2017 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Ҳосилот» (Фархор) – 1:2

2018 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:2

2019 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:0

2020 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 2:1

2021 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Равшан» (Кӯлоб) – 2:0

2022 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 1:0

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Май 6, 2023 09:44

Хабарҳои дигари ин бахш

МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад