СУРАТ-ДАЛЕЛ. Либоси миллӣ нишонаи тамаддун ва фарҳанги қадимии тоҷикон аст

Май 21, 2023 14:11

ДУШАНБЕ, 21.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади ҳифз ва нигоҳдошти фарҳанги аҷдодӣ ва тарғиби либоси миллӣ имрӯзҳо дар саросари Тоҷикистон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем» идома дошта, занону  духтарони «Амонатбонк» низ бо руҳияи баланди ватандӯстӣ ва ифтихор аз фарҳангу тамаддуни оламшумули тоҷикона пироҳанҳои зебову мунаққаши  атласу адрас ва чакан ба бар намуда, дар ташаббуси «Тоҷикона мепӯшем» фаъолона иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» иттилоъ доданд.

Бояд тазаккур дод, ки либоси миллӣ як рукни фарҳанги миллат маҳсуб шуда, ёдгоре аз гузаштагон аст, ки дар тӯли қарнҳо зебоиашро гум накардааст. Таърих гувоҳ аст, ки зан- модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси миллат будааст.

Яке аз нишонаҳои асосии фарҳангу тамаддуни миллатҳои дунё либоси миллии онҳо аст. Аз ин рӯ, пос доштани як ҷузъи фарҳанги хеш- либоси миллии тоҷикона, ки таҷассумгари расму оин, нишони зебоипарастӣ ва ифтихори ҳар миллат маҳсуб мешавад, барои ҳар зани тоҷик шарт ва зарур аст.

Сурат-далеле, ки пешниҳод  мегардад, аз  иштироки занон-кормандони «Амонатбонк» дар иқдоми «Тоҷикона мепӯшем» шаҳодат медиҳад.

АКС: «Амонатбонк»

Май 21, 2023 14:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид