ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 май, сешанбе, 143-юмин рӯзи соли 2023

Май 23, 2023 08:00

23 майи соли  1997 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавони Тоҷикистон мулоқот намуда, фармонро  «Оид ба баъзе масъалаҳои беҳтар кардани кор бо ҷавонон» ба имзо расониданд. Маҳз ҳамин рӯзи таърихӣ боис шуд, ки  23 май ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон  эълон гардад.

***

11 сол пеш, дар ин рўзи соли 2012 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри  Ҳисор сафари корӣ анҷом дода, бо рафти навсозии роҳи мошингарди Душанбе-Турсунзода, дастовардҳои кишоварзони шаҳри  Ҳисор дар бахшҳои ғаллакорӣ, пахтакорӣ, боғутокпарварӣ ва чорводорӣ шинос шуданд.

***

23 майи соли 2019 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  ноҳияи Данғара роҳи мошингарди “Данғара – Пушинг”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Ин роҳ деҳаҳои Пушинг, Алиҷон, Ғиҷовак ва Паркамичро бо маркази ноҳияи Данғара мепайвандад ва дарозии он 18 километрро ташкил медиҳад.

***

Соли гузашта  дар ин рўз  дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Чжан Минро ба ҳузур пазируфта,  аз фаъолияти пурсамари СҲШ давоми 20 сол, ҳамкории кишварҳои аъзо ва  натиҷаҳои ҷаласаи ҷашнии сарони кишварҳои аъзои ин  Созмон дар Душанбе изҳори қаноатмандӣ карданд.

23 МАЙ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — Рӯзи ҷавонон.

***

Дар Озарбойҷон — Рӯзи кормандони Вазорати экология ва захираҳои табиӣ.

***

Дар Ямайка — Рӯзи меҳнат.

***

Дар Мексика – Рӯзи донишҷӯён.

РӮЙДОДҲО:

23 майи соли 2002 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Клуби вазирон-роҳбарони сохторҳои давлатии кор бо ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

***

 23 майи соли 2019 дар шаҳри Душанбе Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Академияи илмҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти унвони «Мушоҳидаҳои фосилавӣ ва технологияи истифодабарии ҳавопаймоҳҳои бесарнишин» конференсияи байналмилалии илмию амалӣ  баргузор намуд, ки дар он ҳавопаймоҳҳои бесарнишини Маркази муштараки илмӣ-таҳқиқотии Тоҷикистону Чин оид ба истифодабарии ҳавопаймоҳои бесарнишин таҷриба гардиданд. Чунин ҳамоиши илмӣ бо ҷалби васеи олимон, коршиносон ва мутахассисон дар Осиёи Марказӣ бори аввал доир карда шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2022  дар доираи сафари гурӯҳи кории ҳайати фарҳангӣ – соҳибкории Санкт-Петербург  дар шаҳри Душанбе ҳамоиши фарҳангию кории Санкт-Петербург баргузор гардид. Дар он роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва намояндагони сохторҳои марбутаи  пойтахт  иштирок намуданд.

***

Соли 2022 дар доираи Фестивали якуми байналмилалии гулдӯзӣ, заргарӣ ва зардӯзӣ дар Бухоро намоишгоҳи “Bukhara fashion days” баргузор шуд, ки дар он тарроҳи тоҷик Саидҷалол Махсумов низ ҳунари дастии хешро ба тамошо гузошт.

Май 23, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш