ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 май, сешанбе, 150-умин рӯзи соли 2023

Май 30, 2023 08:00

30 майи соли 2022 дар шаҳри Теҳрон мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Эрон баргузор гардид. Баррасии масоили ҳамкории ду давлат нахуст дар мулоқоти хоссаи Сарони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ оғоз ёфта, сипас дар музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ҳар ду ҷониб идома ёфт.

***

30 майи соли 2022 баъди анҷоми музокироти расмӣ дар ҳузур ва бо иштироки сарони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ 16 санади нави ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ба имзо расид. Сарони ду давлат — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳими Раисӣ барои доираи васеи хабарнигорони дохил ва хориҷи мамлакат нишасти матбуотӣ ороста, натиҷаҳои мулоқоту музокиротро неку назаррас арзёбӣ карданд.

***

30 майи соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон бо Раҳбари Инқилоби Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Алӣ Хоманайӣ мулоқот карданд. Таъкид шуд, ки Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори тавсеаи рӯзафзуни робитаҳои гуногунарсаи ду мамлакат дар руҳияи ҳусни тафоҳум, ҳамёрӣ, эҳтиром ва эътимоди байниҳамдигарӣ мебошад.

***

30 майи соли 2022 дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Мухбир мулоқот карданд. Дар ҷараёни вохӯрӣ маҷмуи васеи масоили ҳамкории ду давлат баррасӣ гардид.

***

30 майи соли 2022 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон бо Раиси Маҷлиси Шӯрои исломӣ Муҳаммад Боқири Қолибоф мулоқот карданд. Зимни мулоқот масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсати хориҷӣ, таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқӣ барои тавсеаи равобити ду мамлакат дар ҳавзаҳои мухталиф муҳокима карда шуд.

***

30 майи соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шоири маъруфи тоҷик Бозор Собирро ба ҳузур пазируфтанд. Зимни суҳбат доир ба имрӯзу ояндаи фарҳанги миллии Тоҷикистон, шеъру шоирӣ ва тақвияти пайванди наслҳо дар ин самти барои рушди арзишҳои волои миллию давлатдорӣ басо муҳим гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

30 МАЙ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико — Рӯзи ёдбуд.

РӮЙДОДҲО:

30 майи соли 2007 Парлумони Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуд .

***

30 майи соли 2012  дар шаҳри Ашқободи Туркманистон ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо ва сарвазирони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

***

30 майи соли 2012 «Барномаи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик барои солҳои 2013-2020» қабул шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2012 муовини Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид, иҷрокунандаи вазифаи директори Дафтари СММ оид ба маводи  мухаддир ва ҷинояткорӣ Юрий Федотов бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад. Яке аз мақсадҳои сафари Ю. Федотов ба Тоҷикистон – иштирок дар кори мулоқоти серӯзаи роҳбарони идораҳои зидди маводи мухаддиротии Тоҷикистон, Қирғизистон ва Афғонистон буд.

***

30 майи соли 2014 дар шаҳри Душанбе чаласаи 13-уми Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузории Тоҷикистон баргузор гардид.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1631 дар Фаронса аввалин рӯзнома бо номи «La Gazette»  («Маҷалла») ба табъ расид.

***

Соли 1896 дар Ню-Йорк аввалин садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд.

Май 30, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш