Ҳафт омӯзгор зимни тирандозӣ дар яке аз мактабҳо дар шимолу ғарби Покистон ҳалок шуд

Май 6, 2023 15:56

ДУШАНБЕ, 06.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи панҷшанбе дар як мактаб дар ноҳияи Куррами вилояти Хайбар-Пахтунхва (Покистони шимолӣ-ғарбӣ) қариб ҳафт омӯзгор ҳалок шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Синхуа» хабар медиҳад.

Ба гуфтаи пулиси маҳаллӣ, чанд нафари мусаллаҳи ношинос вориди мактаби калони давлатии Тари Мангал шуда, ҳафт омӯзгорро дар ҷои ҳодиса куштаанд.

Пулис ва гурӯҳҳои наҷот ба ҷои ҳодиса рафта, ҷасади қурбониёнро ба бемористон бурданд.

Тавре пулис афзуд, вақте ки ҷангҷӯён ворид шуда, оташ кушодаанд, муаллимон дар утоқи омӯзгорон будаанд.

Пас аз анҷоми тирпаронӣ ҳамлагарон тавонистанд ҷои ҳодисаро тарк кунанд.

АКС аз манбаъҳои боз

 

Май 6, 2023 15:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе марҳилаи дуюми Лоиҳаи «Тавонмандсозии марказҳои матбуотӣ ва ҳамкории онҳо бо ВАО» оғоз ёфт
Дар вилояти Хатлон гардиши савдои хориҷӣ ба 210,2 миллион доллар баробар гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Кӯдакону наврасони ноҳияи Шаҳринав ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Дар Хатлон ташаббуси вилоятии «Саҳми ман дар ободии Ватан» доир карда мешавад
Беш аз 5 ҳазор ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф карда шуд
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ 873 миллион сомониро ташкил дод
Кишоварзони Кӯлоб аввалин маротиба зери плёнка чигит кишт намуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Таърих, фарҳанг, табиат ва меҳмоннавозии мардум вилояти Суғд сайёҳонро бештар ба худ ҷалб намудааст
Дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол» таътили тобистонаи хонандагон хотирмон мегузарад