ТАНИНИ ОБ ДАР ШЕЪРИ БУЗУРГОН. Андешаҳои номзади илмҳои филологӣ, ходими илмии Институти Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Шоҳона Каримова

Май 1, 2023 15:46

ДУШАНБЕ, 01.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Вақте дар бораи об ҳарф мезанем, симои мунаввари Сарвари фарҳехтаи тоҷикон, фарзонафарзанди миллат Эмомалӣ Раҳмон дар зеҳни мо таҷаллӣ мезанад, зеро Пешвои миллат ҳамчун ташаббускори пешсафи ҷаҳонӣ дар соҳаи  об дар тамоми дунё шинохта шудаанд. Таъкид кардан бамаврид  аст, ки 22 марти соли 2023  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмиллалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, ки дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико доир шуд, суханронӣ намуданд. Чунин навиштааст номзади илмҳои филологӣ, ходими илмии Институти Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Шоҳона Каримова дар мақолаи худ, ки ба унвони АМИТ «Ховар» расид. 

Дар идома муаллиф чунин менигорад:

— Пешвои миллат ҳамчунин дар чорабинии фарҳангии “Об ва Наврӯз — ду сарчашмаи ҳаёти башар”, ки дар доираи Конфронси мазкур баргузор гардид, суханронии пурмуҳтаво намуда, иброз доштанд, ки “мо қарорҳои Созмони Милали Муттаҳидро дар заминаи пешниҳод ва ибтикороти Тоҷикистон оид ба эълон кардани соли 2003 ҳамчун Соли байналмилалии оби тоза, 2013 — Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об,  Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” солҳои 2005-2015, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028,  соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо муқаррар намудани 21 март ва таъсиси Бунёди мақсадноки ҳифзи пиряхҳоро дар раванди ҳалли ин мушкилот бисёр муҳим медонем”[8,3], [15,3]. Бо назардошти сиёсати оқилонаю дурандешонаи Пешвои миллат ҳар фарди тоҷикро зарур аст, ки обро сарфакорона истифода барад ва рӯдҳову дарёҳоро покиза нигаҳ дорад, зеро тибқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид, “то соли 2025 аз се ду ҳиссаи аҳолии мамлакатҳои ҷаҳон аз норасоии оби нӯшиданӣ танқисӣ хоҳад кашид”[14,1].  Бо илҳом ва ангеза аз ин ибтикороти бузурги Пешвои миллат мо тасмим гирифтем, ки ин мақоларо таълиф намоем.

Бинои олам ба мабнои чаҳор унсури азалӣ аст, ки ин ҳақиқат исбот намехоҳад. Ин чаҳор унсур дар пайванди муносибу мутаносиб оламро поянда медоранд ва агар яке аз ин унсурҳо камтар ё бештар шаванд, ба зиндагонии сайёра халали бузург ворид мешавад. Об, ки яке аз унсури муҳими табиат аст, дарвоқеъ, сарчашмаи ҳаёт аст, зеро тамоми мавҷудоти олам ба об ниёз дорад. Мутаассифона, имрӯз кишварҳои зиёди дунё аз об танқисӣ мекашанд ва бо маблағҳои зиёд аз дигар мамолик об мехаранд. Азбаски шумораи аҳолӣ рӯз то рӯз зиёд шуда истодааст, талабот низ ба об меафзояд. Омили дигаре, ки имрӯз ҷомеаро ба ташвиш овардааст, тағйирёбии иқлим, яъне, болоравии ҳарорати миёнаи солонаи кураи Замин мебошад, ки боиси норасоии об дар баъзе қаламравҳо гардидааст. “Ҳамасола зиёда аз 5 млн нафар аз истеъмоли оби ғайрисанитарӣ ба ҳалокат мерасад, ки қисми зиёди он ба Африқо рост меояд. Бо зиёдшавии муассисаҳои истеҳсолӣ ва воситаҳои техникӣ иқлим гарм шуда, боиси хушкшавии дарёҳо ва аз меъёр зиёд об шудани пиряхҳои кӯҳӣ ва материкӣ гаштааст. Агар ин раванд давом кунад, баъди 100-150 сол 90%-и ҳудуди Африқо ба биёбон табдил ёфта, 5 млрд нафар дар тамоми кураи Замин аз истеъмоли об маҳрум мешавад”[11,1].

Мояи хушнудист, ки дар Ватани зебоманзари мо рӯдҳову обшорон зиёд мебошанд. Сарчашмаҳои ин обҳо пиряхҳо, чашмасорон ва обҳои зеризаминӣ мебошанд.

Дар адабиёти классикӣ ниёгони мо обро ба чандин маъноҳо истифода бурда, бо об ибораҳову таркибҳои фаровоне меофариданд. Аз ин хотир, дар ин нигошта мо салоҳ донистем, то як сайри кӯтоҳеро дар ҷуғрофиёи фарохи шеъри тоҷикӣ анҷом диҳем, ба умеде, ки бо дарёҳову рӯдҳову ҷӯйборону обшорону чашмаҳои асливу маҷозӣ бештар шинос бошем. Дар ин росто адабиётшиноси маъруфи тоҷик устод Абдухолиқ Набавӣ таҳқиқоти арзишманде таълиф намудааст ва масоили марбут ба обро мавриди қазовати густарда қарор додааст. Китоби ӯ ба унвони “Достони об ё обнома” [7] соли 2004 ба табъ расидааст, ки дар он масъалаҳои тамсилоти об дар кутуби муқаддаси “Аҳди қадим” ва “Аҳди ҷадид”, устураи об дар фарҳанги мардуми ориёинажод ва оламиён ва шинохти илмии об баррасӣ гардидаанд. Муаллиф ҳамчунин перомуни матолиби марбут ба об дар фарҳанги шифоҳии мардумӣ, ҷилваҳои ҳунарии об дар адабиёти тоҷикӣ, сумбулаҳои об дар асотири халқҳои ҷаҳон, шинохт ва тавзеҳи об дар илм ва фаласафаи гузаштагон, хусусияти табобатии об ва ғайра пажӯҳиши амиқ анҷом додааст. Нуктаи ҷолиби таваҷҷуҳ ин аст, ки устод Набавӣ ашъори шоирони тоҷик ва гузаштагони моро дар давраи мозӣ ва муосир, ки перомуни об аст, ҷамъоварӣ намудааст. Мо якчанд абётро ба таври гулчин аз китоби мазкур интихоб намуда, кӯшиш намудем, то онҳоро аз диди худ шарҳ диҳем.

Чун абарустод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (858-941) сардафтари адабиёти классик ва сарони шоирон маҳсуб шуда, тахаллусаш низ аз калимаи «рӯд» иборат аст, аз ин боис нахуст аз ашъори ӯ мисол меорем. Устод Рӯдакӣ дар қасидаи машҳури худ чунин гуфта:

Бӯи ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме,
Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме.
Реги Омӯву дурушти роҳи ӯ
Зери поям парниён ояд ҳаме.
Оби Ҷайҳун аз нишоти рӯи дӯст
Хинги моро то миён ояд ҳаме.
Эй Бухоро, шод бошу дер зӣ,
Мир наздат шодмон ояд ҳаме [1, 59].

Бояд гуфт, ки қасидаи мазкур таърихи хос дорад: “Боре Наср ибни Аҳмади Сомонӣ ба Ҳирот сафар кард. Ба сабаби хушии обу ҳаво ва зебоии табиат ӯ чор сол он ҷо монда, пойтахти худ- шаҳри Бухороро гӯё аз ёд баровард. Азбаски замони осоишта буд, амир аз фароғат даст намекашид. Вазирону сарлашкарони ӯ, ки муштоқи ёру диёр ва пазмони ҳамсару  фарзандон буданд, майли Бухоро доштанд. Онҳо аз устод Рӯдакӣ мадад ҷустанд, ки чорагарӣ кунад. Рӯдакӣ ба доди онҳо расид. Вай дар васфи Бухоро қасидае навишта, бо самимият ва ташбеҳу муболиға шеъри гӯшнавозе эҷод кард” [12,1].  Номбар намудани исми дарёҳои ватанӣ, чун Мӯлиён, Омӯ ва Ҷайҳун боиси он гардид, ки қасида самимиву муассир барояд ва подшоҳ ба ваҷд ояду ба Бухоро баргардад.

Шоирони дигари он аҳд низ роҷеъ ба об шеърҳо эҷод мекарданд, масалан, Шаҳиди Балхӣ (879-937), ки ҳамасри устод Рӯдакӣ буд, чунин гуфтааст:

Касе к-андар об асту обошност,
Аз об ар чу оташ битарсад равост[7,174].

Шоир дар байти боло мефармояд, ки чуноне, ки аз оташ метарсӣ, аз об ҳам бояд битарсӣ, зеро об низ иқтидореро дорост, ки ба ҷуз аз фоида метавонад зарар низ расонад. Масалан, офатҳои табиӣ, ба мисоли обхезӣ, жола, тӯфон ва ҳоказо, ки ба зиндагии мардум хатар эҷод мекунанд, бо об марбутанд. Ҳамчунин бо он ки инсон шиновар аст, дар ҳар сурат бояд аз об чун аз оташ битарсад, зеро об метавонад ӯро ғарқ кунад.

Шоири бузурги адабиёти классикии тоҷик Абулқосим Фирдавсӣ (940-1020) низ дар “Шоҳнома”- и безаволи худ вожаи “об” – ро хеле зиёд мавриди истифода қарор додааст, ки порчае аз онро ин чо меорем:

Ҳаме шуд оташ, фуруд омад об,
Ҳамегашт гирди замин офтоб.
Гиё руст бо чанд гуна дарахт,
Ба боло баромад сароншон зи бахт[7,169].

Дарвоқеъ, то об набошад, гулу гиёҳу дарахт ҳаргиз намерӯяд ва чароғи зиндагӣ хомӯш мешавад. Тамоми мавҷудоти олам ба об эҳтиёҷ дорад.

Ҳаким Умари Хайём (1048-1131) дар чандин рубоиҳояш вожаи “об”-ро мавриди таваҷҷуҳи худ қарор додааст, ки яке аз онҳо ин аст:

Ай чарх, дилам ҳамеша ғамнок кунӣ,
Пироҳани фаррухии ман чок кунӣ
Боде, ки ба ман вазад, ту оташ созӣ
Обе, ки хурам, дар даҳанам хок кунӣ [9, 84].

Манзури Умари Хайём аз нигоштани “Обе ки хурам, дар даҳанам хок кунӣ” ин аст, ки ҳар шодии ӯ пайваста ба ғам мубаддал мешуд.

Маҳастии Хуҷандӣ (1089-1181) дар ин маврид чунин гуфтааст:

Ғам бо лутафи ту шодмонӣ гардад,
Умр аз назари ту ҷовидонӣ гардад.
То бод ба дӯзах барад аз кӯи ту хок,
Оташ ҳама оби зиндагонӣ гардад [7,180].

Оби зиндагонӣ муродифи зиёд дорад: Оби ҳаёт, оби ҳайвон, оби бақо ва нӯшдору. Дар ривоёти асотирӣ оби зиндагонӣ обест, ки инсонро нӯшидани он ҳаёти ҷовидон мебахшад. Манзури Маҳастӣ ин аст, ки ғам бо лутфи дӯстдоштаи ӯ ба шодмонӣ мубаддал гардад, умр ҷовидон гардаду ба оби бақо табдил ёбад.

Ҷалолиддини Балхӣ (1207-1273) низ вожаи “об” – ро дар бисёр маврид қобили таваҷҷуҳ қарор медод, ки ҳар абёти ӯ, ки марбут ба об аст, фарогири  маъниву ахдофи бузург аст. Масалан:

Об занед роҳро, ҳин, ки нигор мерасад,
Мужда диҳед боғро, бӯйи баҳор мерасад [4,227].

Шоир дар мисраҳои боло обро ба маънии аслии хеш  истифода бурдааст, ки хеле авомфаҳм аст, гӯё, ки байти мазкур на 800 сол қабл, балки имрӯз аз ҷониби шоири ҳамзамони мо навишта шуда бошад.

Як мисоли хуби дигаре аз Мавлои Балх меорем:

Эй ту дар киштии тан рафта ба хоб
Обро дидӣ, нигар дар оби об.
Обро обест, к-ӯ меронадаш,
Руҳро руҳест, к-ӯ мехонадаш [2,50].

Дар байти  “Эй ту дар киштии тан рафта ба хоб, Обро дидӣ, нигар дар оби об” Мавлои Балх тани одамизодро ба киштӣ ва обро ба руҳи инсон ташбеҳ додааст. Шоир инсонро даъват кардааст, ки аз ғуломи тан ва нафс будан парҳез кунад, ки ин ҳолат хоб ва ғафлат аст. Ӯ руҳу ҷони одамро ба об ташбеҳ додааст, зеро об мусаффо асту тоза ва поку пуранвор аст. Мавлои Балх аквоми оламро ҳидоят намудааст, ки бештар ба такмили рӯҳи худ бикӯшанд ва ғизои маънавиро афзалтар аз ғизои тан донанд.

Ҳамчунин дар байти “Обро обест, к-ӯ меронадаш, Руҳро руҳест, к-ӯ мехонадаш” манзури шоир ин аст, ки ҳар хубӣ сӯи хубӣ майл хоҳад кард ва ҳама ба сӯи ҳаммонанди худ гароянда аст. Шоир барои ибрози  фикрҳои худ вожаи “об” ва “руҳ” – ро корбаст намудааст. Байти мазкур ҳам маънои аслӣ ва ҳам маънои маҷозӣ дорад, ки қариб тамоми ашъори Мавлонои Балх дар ҳамин мақом аст. Агар аз рӯи маънои аслӣ байти мазкурро тафсир намоем, инсон, ки худ аз об иборат аст, бояд пайваста об нӯшад, то  тану ҷонаш саломат бошад. Воқеан, 60 фоизи бадани инсон аз об иборат буда, 34% — и он аз моддаҳои органикӣ ва 6% — и дигар аз моддаҳои ғайриорганикӣ (бо синну сол нишондиҳандаҳои зайл тағйир меёбанд) фарогир аст [12,1].   Мавриди тазаккур аст, ки донишманди тоҷик Ҳоҷиҳусайн Мӯсозода дар ин масир пажӯҳиши шоистае бурда, якояк абёту қитъаҳои Мавлонои Балхро, ки марбут ба об аст, баршуморида ва ҳар яки онро шарҳ додааст. Китоби ӯ таҳти унвони “Об дар Маснавии Маънавӣ” [5] соли 2015 ба истиқболи конфронси байналхалқӣ доир ба об, ки дар Душанбе баргузор гардид, интишор гардид.  Чунончи муаллиф нигоштааст: “Дар китоби мазкур 620 маврид гоҳо байте ва гоҳо чанд байт, ки фарогири калимаи “об” ҳастанд ва ё дар онҳо “об” бо маъниҳои мухталиф истифода шудаанд, шарҳ ёфтаанд” [5, 5]. Барои намуна  байте аз Мавлоно бо шарҳҳои устод Ҳ. Мӯсозода оварда мешавад:

«Ҳар кӣ ҷуз моҳӣ зи обаш сер шуд,
Ҳар кӣ берӯзист, рӯзаш дер шуд.

Яъне ҳамаи махлуқоту мавҷудоти дунё аз об сер мешавад ба ҷуз моҳӣ, чунки ҳаёти моҳӣ бо об пайваста аст, агар аз об ҷудо шавад мемирад. Ҳамчунин ошиқ бе ишқ зиндагӣ наметавонад кард. Ҳар кӣ аз оби маърифат бенасиб бошад, рӯзаш дер шуд, яъне малоли хотир мешавад.» [5, 11].

Абёти Мавлоно аз сӯи муаллиф авомфаҳму амиқ шарҳ дода шуда, китоб ҳамчунин фарогири ду мақолаи муаллиф зери унвони “Таҷассуми маъниҳои орифонаи вожаи «об» дар «девон» -и Шамси Табрезӣ”  ва “Таркибҳои шоиронаи об ва мазомини ирфонии онҳо дар ғазалиёти Мавлоно” мебошад. Ҳамчунин устод Ҳ. Мӯсозода ба ҷуз ин асар китоби дигареро низ таҳти унвони “Об – асли мавҷудият” [6] иншо намудааст, ки он фарогири маълумоти муфид роҷеъ ба вижагиҳои об аст. Муҳаққиқ ҷанбаҳои илмии масъалаи шинохти обро низ ба таври муфассал тавзеҳ додааст, ки шоистаи таҳсин аст.

Бармегардем ба сайри шеъри тоҷикӣ. Шайх Саъдии Шерозӣ (1292-1296) чунин абёти зебое перомуни об дорад:

Аз даруни сӯзноку чашми тар,
Нимае дар оташам, ниме дар об.
Ҳар кӣ боз ояд зи дар, пиндорам ӯст,
Ташнаи мискин об пиндорад сароб [7,189].

Саъдии Шерозӣ  обро ба маънои ашк (дар мисоли “чашми тар”),  маъшуқ (дар мисоли сароб) истифода намуда, зикр намудааст, ки аз ҳаҷри ёраш “байни оташу об мондааст”, яъне ки дар азоб аст.

Ҳофизи Шерозӣ (1325-1389) мефармояд:

Маро ба киштии бода дарафкан, эй соқӣ,
Ки гуфтаанд: “Накӯӣ куну дар об андоз” [7, 221].

Маънои ин байт чунин аст: “Ту дар ҳаққи ман накӯии бепардохт бинамову маро ба киштии бода дарафкан”. Киштӣ дар ин байт ба маънои ҷисм, яъне бадани инсон, бода – ишқ ва мастӣ омадааст. Дар байни мардум мақоли машҳуре ҳаст, ки “накӯӣ куну ба об андоз” ва он некиро об бозпас ба ту хоҳад овард. Яъне, ки бар ивази некии худ ягон подошеро аз ҳеҷ кас интизор набошем, ки қонуни зиндагӣ чунин аст: Гандум корӣ, гандум медаравӣ, ҷав корӣ, ҷав. Некии моро об боз ҳам ба мо хоҳад овард.

Камоли Хуҷандӣ (1321-1400) низ дар ашъораш калимаи “об”-ро бисёр истифода бурдааст, ки яке аз онҳо ин аст:

Баски латиф аст он орази нозук ба ӯ
Чунки назар мекунӣ, мечакад аз дида об [3,128].

Маънои байти боло ин аст, ки ҳусни ёр ба ҳадде нафису латиф аст, ки тамошояш дидаро об мекунад.

Мирзо Абдулқодири Бедил (1642-1720) даъват намудааст, ки чун садои об оромибахш бошем:

Ба пастӣ низ меъроҷест, гар озодаӣ, Бедил,
Садои об шав, сози тараққӣ кун таназзулро [7, 203].

Баъзан поён рафтан баробари боло рафтан аст, чунонки об поён меравад ва аммо поён рафтанаш рифъати ӯст, ки ҳар қадр  поёнтар  мешитобад, садояш болотар мешавад.

Садриддин Айнӣ (1878-1954) низ дар эҷодиёти худ борҳо дар бораи об ёдрас шудааст:

Бино кард шаҳри нави пуршукуҳ,
Дар ин дашти ҳамвор дар зери кӯҳ,
Ки он ҷо баромадгаҳи об шуд
В — аз он об он шаҳр обод шуд [7, 213].

Қасидаи мазкур перомуни Вахш нигошта шудааст. Устод Садриддин Айнӣ дар ин қасида вожаи “об”-ро фаровон истифода бурдааст, ки бо сабаби маҳдудияти мақола наметавон ҳамаи онро ироа кард.

Устод Мирзо Турсунзода (1911 — 1977) низ обро мубтадои равшаниву  покизагӣ ҳисобида чунин гуфтааст:

Обро аз рӯшноӣ кун қиёс,
Дӯстонро бо нигоҳи дил шинос[13,1].

Байти мазкур хеле оммафаҳм буда, ниёз ба тафсир ҳам надорад.

Мирсаид Миршакар (1912-1993) низ дар бораи об чунин сурудааст:

Биё, биё, обаки ширини мо,
Биё, биё, обаки заррини мо[7, 218].

Шеъри боло аслан аз понздаҳ мисраъ иборат аст ва муҳтавояш хитоб бар об аст. Чунончи медонем, Мирсаид Миршакар бештар барои кӯдакон шеърҳои дилпазир эҷод мекард, ки ин шеър ҳам намунаи хуби ашъори ба тифлон офаридаи ӯст.

Мӯъмин Қаноат (1932-2018) чунин нигоштаҳоеро роҷеъ ба об дорад:

Обаки шӯхе чу тифли беқарор
Мешитобад аз миёни кӯҳсор.
Аз баландӣ меравад ғулғулкунон,
Ӯ ба мисли кӯдаки ширинзабон[7, 218].

Шеъри мазкур мисоли об  шевову равон аст. Ин чор мисраъи боло низ аз шеъри комил иқтибос оварда шудааст. Шоир бисёр бо муҳаббату иродат перомуни об нигошта, онро ба тифлаки беқарор шабоҳат додааст.

Устод Лоиқ Шералӣ (1941 — 2000) низ дар ашъори худ калимаи «об»- ро бо маъноҳои мухталиф бисёр мавриди истифода қарор додааст:

Обрӯе доштӣ чун оби ҷӯ аз сар гузашт,
Баҳри оби мурдае оби равонро гум макун[7, 220].

Возеҳ аст, ки калимаи «обрӯ» низ аз ду реша «об» ва «рӯ» иборат аст. Шоир обрӯро ба оби ҷӯй шабоҳат дода, мегӯяд, ки «обрӯят чун оби ҷӯ аз сар гузашт», яъне, ки “обрӯят рафт” ва мисраи дуюми байти мазкур ба он далолат мекунад, ки аз барои масъалаҳои фаръиву камарзиш азизтарин инсонҳои худро аз даст мадеҳ ва ба қадри онҳо бирас. Барои ифодаи маънои зайл шоир салоҳ донистааст, ки калимаҳои «оби мурда» ва “оби равон»-ро ба риштаи назм дарорад.  Устод Лоиқ Шералӣ шоири дарёдиле буд, ки дар бораи дарё шеърҳои беҳисоб дошт ва аксар вақт худро ба дарё шабоҳат медод. Масалан,  шеърҳои “ду раҳсозему раҳпаймо – ману дарё, ману дарё”, “Бо дили дарё нишинам то дилам дарё шавад”, “Равам бегаҳ лаби дарё нишинам”, “Эй насими биҳиштии дарё”, “Дарёдиливу соҳили дарё ғанимат аст” [10, 220] ва ғайра аз он дарак медиҳанд, ки Лоиқ Шералӣ вожаи “дарё” -ро зиёд  истифода мебурд.

Дарё, об – манбаи рӯшноӣ ва чароғ аст. “16 ноябри соли 2018  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро ба кор дароварданд. Нахуст дар маҳалли сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун хатти баландшиддати интиқоли неруи барқи 500 кВ-и “Душанбе-Роғун”-ро бо пахши васлак ба истифода дода, орзуву омоли деринаи миллати тоҷикро ҷомаи амал пӯшониданд” [12,1].

Зарфияти ин нигошта имконият намедиҳад, ки дар ин масир ба таври бояду шояд пажӯҳиш барем. Мавзуи мазкур таҳқиқоти муфассалро тақозо менамояд, ки дар оянда пажӯҳишгарон чандин ҷанбаҳои ин масъаларо мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод.

Шоҳона КАРИМОВА,
номзади илмҳои филологӣ,
ходими илмии Институти
 Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Май 1, 2023 15:46

Хабарҳои дигари ин бахш

«ВАССОФИ ВАТАН». Пагоҳ дар кинотеатри «Ватан» 12 нафар ғолибони фестивал-озмун муайян мешаванд
ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон шабакаи алоҳидаи телевизионӣ барои таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад
«ВАССОФИ ВАТАН». 22 ноябр ғолибони фестивал-озмун муайян ва қадрдонӣ мешаванд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Беларус баргузор мегарданд
Дар Маркази фарҳангии мероси исломии «Ярмук»-и Кувайт Шоми мусиқии классикии тоҷикӣ баргузор гардид
Дар Донишкадаи санъати театрии Русия спектакли «Заҳҳок» намоиш дода шуд
Филми ҳунарии «Дов» дар кинофестивали байналмилалӣ дар Русия соҳиби ҷоиза гардид
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
ЭҲЁИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Бо Пешвои миллати фарҳангдӯст ва ҳунарпарварамон ифтихор дорем
ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Масъулин бояд тухмиҳои хубтарину омехтаи ояндадорро мувофиқи нишондоду талаботи истеҳсолот парвариш кунанд
КОНФРОНСҲОИ ИҚЛИМИИ СММ. Тоҷикистон дар татбиқи ҳадафҳои ин конфронсҳо пешсаф аст
АЗ ПЕШВОИ КАҲРАМОН ВАТАНДӮСТӢ БИОМӮЗЕМ! Эҳдо ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон