Мутахассисони Тоҷикистону Чин дар кӯҳҳои Помир корҳои илмӣ гузарониданд

Август 22, 2025 15:30

ДУШАНБЕ, 22.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи мутахассисони Маркази таҳқиқоти экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе)-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Институти Синзянии экология ва географияи Академияи илмҳои Чин дар кӯҳҳои Помир корҳои илмӣ гузарониданд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад, экспедитсия 26 июл оғоз гардида, то 9 август идома ёфт.

Мутахассисон гуногунии биологӣ, бахусус ҷамоаҳои растанӣ, хусусияти физикӣ ва кимиёвии хокҳо, инчунин захираҳои генетикии экосистемаҳои баландкӯҳи Помирро омӯхтанд.

Зимни таҳқиқоти саҳроӣ дар қисмҳои Ғарбӣ ва Ҷанубии Помир гурӯҳи таҳқиқотӣ тавонист экосистемаҳои гуногуни табииро аз биёбонҳои кӯҳӣ ва нимбиёбонҳо то чарогоҳҳои алпӣ ва минтақаҳои соҳилии кӯлҳои баландкӯҳ ва ботлоқзор ҳамаҷониба таҳқиқ намояд.

Маълумоти нави бадастомада дорои аҳамияти муҳими илмии бунёдӣ ва амалӣ, бахусус барои арзёбии таъсири тағйирёбии иқлим ва омилҳои антропогенӣ ба экосистемаҳои осебпазирӣ табиии пуштакӯҳи Помир ва гуногунии биологии он мебошад.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Август 22, 2025 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид