Намояндаи Тоҷикистон бо ҷоизаи байналмилалии «BRICS AND SCO» сарфароз гардонида шуд
ДУШАНБЕ, 23.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Лаборанти калони шуъбаи физикаи кометаҳо ва астероидҳои Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Парвизи Орзуқул барандаи Ҷоизаи роҳбарони ҷавони БРИКС ва Созмони ҳамкории Шанхай дар номинатсияи «Таҳқиқот ва инноватсияи сол» гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад, 17 август дар шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия Озмуни байналмилалии роҳбарони ҷавони БРИКС ва Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид, ки то 19 август идома ёфт.
Ин озмуни байналмилалӣ ба кашфи истеъдодҳои ҷавон ва эътирофи саҳми мутахассисони ҷавон дар рушди соҳаҳои иҷтимоӣ нигаронида шудааст. Озмун бо ташаббуси Академияи дипломатияи ҷавонон бо дастгирии Вазорати кор бо ҷавонони Ҷумҳурии Тотористон ташкил карда шуд. Он ҳамасола роҳбарони ҷавонро аз соҳаҳои гуногуни илм, маориф, фарҳанг ва рушди иҷтимоӣ муттаҳид месозад.
Дар марҳилаи ниҳоии соли 2025 намояндагони Тоҷикистон, Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон, Узбекистон ва Русия иштирок намуданд.
Натиҷаҳои озмун дар доираи Форуми сеюми байналмилалии «РОСТКИ: Русия ва Чин» ҷамъбаст гардида, ғолибон бо сертификат ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Ҷоиза ба лоиҳаҳо ва таҳқиқоте тақдим карда шуд, ки ба густариши илми астрономия ва паҳн намудани донишҳои илмӣ равона шудаанд.
Соли 2025 барои як ҷойи озмун тақрибан 45 довталаб мубориза бурда, ҳамагӣ беш аз 450 дархост пешниҳод гардид. Ба ҷоиза на танҳо кишварҳои аъзои БРИКС ва Созмони ҳамкории Шанхай, балки дигар давлатҳо низ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон









«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». 16 октябр Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг баргузор мегардад
ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ҶАШНВОРАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ЭЪТИРОФ ВА ҚАДРДОНӢ МЕШАВАНД. Эҳдо ба Рӯзи кинои тоҷик
Дар Минск бахшида бо Рӯзи байналмилалии бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ ҳамоиш доир шуд
Дар даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 581 довталаб иштирок менамояд
«ТОҶИ СОМОН». Меҳмонони синамоҷоизаи миллӣ бо имконоти сайёҳии Тоҷикистон шинос мегарданд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» баргузор гардид
Иштирокдорони Форуми ҷавонони СҲШ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд
Оид ба ҳифзи мероси таърихию фарҳангии тоҷикон конфронси байналмилалӣ доир шуд
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
«ТОҶИ СОМОН». Дар доираи синамоҷоизаи миллӣ рӯзҳои кинои Эрон, Русия, Узбекистон ва Қирғизистон баргузор мегардад
«БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ». Он фаъолияти китобхонаҳоро ба талаботи замони муосир мутобиқ менамояд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ доир ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон оид ба хатари терроризм ҳамоиш баргузор шуд






