Сокинони шаҳри Роғун соҳиби туҳфаи Президенти Тоҷикистон — «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ гардиданд
РОҒУН, 25.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Тақдими китоби «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба сокинони Роғун идома дорад. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун иттилоъ доданд.
Китоби «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ 22 август бо теъдоди 13 912 нусха барои тақдим ба 6956 хонавода ба шаҳри Роғун ворид карда шуд. Аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун гурӯҳи корӣ ташкил гардид, ки аъзои он дар остонаи ҷашни миллии Истиқлолияти давлатӣ ин туҳфаи арзишманди Сарвари давлатамонро ба ҳар хонавода тақдим доранд.
Бояд гуфт, ки китоби «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ яке аз асарҳои безаволи адабиёти тоҷику форс буда, арзишҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва маънавии миллати тоҷикро инъикос менамояд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки мутолиаи чунин китобҳо барои худшиносӣ, худогоҳӣ ва ифтихори миллӣ аҳамияти калон дорад. Туҳфаи ин китоб аз ҷониби Сарвари давлат ба ҳар хонавода иқдоми арзишманди арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги миллати бостонӣ ва тамаддунофари тоҷик буда, ба таҳкими худшиносии миллии ҳар оила таъсир мерасонад.
Сокинони шаҳри Роғун «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ- китоби тарғибкунандаи ватандӯстию худшиносии миллиро бо шодию фараҳ қабул карда, барои тақдими он ба Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи сипос намуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун










Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид






