«ТИЛЛО 1000» ВА «ТИЛЛО 3000». МегаФон Тоҷикистон дар доираи иқдом рақамҳои ин категорияҳоро чун туҳфа пешниҳод менамояд
ДУШАНБЕ, 01.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Рақамҳои телефонии дорои панҷ сифр пайи ҳам ё комбинатсияҳои зуд дар хотир ҳифзшавандаро акнун шумо метавонед туҳфа гиред. МегаФон Тоҷикистон дар доираи иқдом рақамҳои категорияҳои «Тилло 1000» ва «Тилло 3000»-ро пешниҳод менамояд. Ҳангоми пайвасткунии тарофаҳои «#НигаронНабош» ё «#АзҲамаЗиёд+» онҳо ройгон дастраси иштирокчии иқдом карда мешаванд.
Рақамҳои зебои «тиллоӣ»-и категорияҳои номбурда аз 1 000 то 3 000 сомонӣ арзиш доранд. Лекин на ҳамеша хоҳишмандони дастраскунии чунин рақамҳо имкон доранд, ки маблағи онро пардохт намоянд. Барои овардани сабукӣ ба буҷаи шахсӣ ё оилавӣ МегаФон Тоҷикистон иқдоми махсус роҳандозӣ намуд ва он имкон медиҳад, ки «тилло» бо шартҳои махсус ба даст оварда шавад. Барои ин зарур аст, ки яке аз ду тарофа пайваст ва давоми муддати мутобиқи шартнома пешбинишуда нигоҳ дошта шавад.
«#НигаронНабош» имкон медиҳад, ки рақами категорияи «Тилло 3000» ба даст оварда шавад. Тарофаро давоми 8 моҳ истифода бояд кард. Ҳангоми супоридани пардохти абонентӣ ба андозаи 300 сомонӣ давоми ин муддат иштирокчии иқдом барои алоқаи 2 400 сомонӣ маблағ сарф мекунад.
Арзиши тарофаи «#АзҲамаЗиёд+» 240 сомониро дар як моҳ ташкил дода, он бояд давоми 4 моҳ нигоҳ дошта шавад, ҳаҷми хароҷоти алоқа 960 сомониро ташкил медиҳад.
Баъди анҷоми муҳлати дар шартнома дарҷшуда ивази тарофа бо нигоҳдории рақами гирифта дастрас мешавад.
«Мо ба муштариён имкони нодир медиҳем, ки орзуи худро оид ба рақами зебо бе пардохти маблағ барои он амалӣ намоянд. Аллакай аз лаҳзаи пайвастшавӣ шумо «тилло» ва ҳамаи хизматрасонии ба тарофа дохилшавандаро ба даст меоред. Танҳо маблағи алоқаро пардохт намуда, рақамҳои фаромӯшкуниашон душворро соҳибӣ кунед!» – мегӯяд роҳбари хадамоти фурӯш ва хизматрасонии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Сунатулло Бобоев.
Рақами «тиллоӣ»-ро метавон дар мағозаи интернетии оператор интихоб намуд.
АКС:МегаФон Тоҷикистон








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






