ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН: ДАР МАСИРИ ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ. Андешаҳои директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо дар ин маврид

Май 15, 2023 09:34

ДУШАНБЕ, 15.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Муносибатҳои байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамчун давлатҳои дӯст ва ҳамсояҳои наздик  аҳамияти калони иқтисодиву сиёсӣ дорад. Дар доираи ҳамин муносибатҳои дӯстонаву ҳамсоягии нек  ду давлат ҳамкории густурдаи иқтисодию тиҷоратӣ дошта,барои ҳамдигар   шарикони боэътимоди стратегӣ ба ҳисоб мераванд. Таҳлилҳо собит менамоянд, ки муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Чин дар ҳоли густариш қарор дошта,  меҳвари онро  асосан ҳамкории рушдёбандаи иқтисодию тиҷоратӣ ташкил медиҳад.

Чунин ибрози назар намудааст директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ёрмуҳаммад Ниёзӣ дар мақолаи хеш, ки ба унвони АМИТ «Ховар» расидааст. 

Дар идома муаллиф чунин менигорад:

— Ҷумҳурии Мардумии Чин яке аз давлатҳои муҳим дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин 4 январи соли соли 1992 барқарор гардиданд, ки аз ин сана зиёда аз 31 сол сипарӣ гардид. Сафорати Ҷумҳурии мардумии Чин дар Душанбе 13 марти соли 1992 ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Пекин 7 апрели соли 1997 ба фаъолият оғоз намуданд.

Заминаи меъёрӣ-ҳуқуқии муносибатҳои ду давлатро зиёда аз 200 санади ҳамкорӣ ташкил медиҳад. Изҳороти якҷоя оид ба усулҳои асосии муносибатҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин аз 9 марти соли 1993, Шартнома дар бораи муносибатҳои неки ҳамсоягӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин аз 15 январи соли 2007, Изҳороти якҷояи сарони давлатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба барқарор кардани муносибатҳои шарикии стратегӣ аз 20 май соли 2013 ва Изҳороти якҷояи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкории стратегӣ аз 13 сентябри соли 2014 санадҳои асосие мебошанд, ки муносибатҳои дуҷониба дар заминаи онҳо ба роҳ монда шуда, барои рушди устувор ва дарозмуддати ҳамкорӣ дар ҳама соҳаҳо асоси  қавии ҳуқуқӣ-шартномавӣ гузоштаанд. 31 августи соли 2017 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин Эъломияи муштарак оид ба барқарории шарикии стратегии ҳамаҷониба ба имзо расонида шуд, ки заминаи мустаҳками рушди ҳамкории дуҷонибаро фароҳам овард.

Ҷумҳурии Мардумии Чин  ҳамсоя-давлати Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, масофаи умумии сарҳади байни ду давлат 495 километрро ташкил медиҳад. Ду давлати ҳамсоя муносибатҳои хуби дипломатиро аз рӯйи принсипҳои ҳамсоягии нек, дӯстӣ, шарикӣ ва бародарӣ ба роҳ мондаанд. Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба муносибатҳои Тоҷикистон ва Чин баҳои баланд дода, таъкид менамояд, ки «дар давоми  солҳои охир  давлатҳои мо ба якдигар эътимоду эҳтиром гузошта, бо назардошти манфиатҳои тарафайн ҳамкории васеъ ба роҳ монданд. Мо дар якҷоягӣ намунаи хуби дӯстӣ ва ҳамкории судманди давлатҳои гуногунсохт, гуногунфарҳанг ва гуногунандозаро нишон додем».

Ҳамчунин Президенти Тоҷикистон дар солгарди  25-уми  солгарди барқароршавии  робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин изҳор намудаанд, ки «тайи давраи сипаришуда муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Чин чӣ дар чорчӯбаи дуҷониба ва чӣ дар шакли бисёрҷониба бемайлон рушд намуд».

Умуман дар муддати кӯтоҳи таърихӣ Тоҷикистон ва Чин ба якдигар наздик шуда, тавонистанд фазои эътимоди амиқи сиёсиро ба вуҷуд оранд, ки дар навбати худ, ба рушди робитаҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарии байнидавлатӣ мусоидат намуд.

Чин ва Тоҷикистон ҳамсояҳои наздик, шарикони боэътимод ва бародарони хубе мебошанд, ки таърихи тӯлонии муносибатҳои дӯстона доранд. Чин яке аз аввалин давлатҳо дар ҷаҳон аст, ки Истиқлоли Тоҷикистонро эътироф ва бо он муносибати дипломатӣ барқарор кардааст.

Гузашта аз ин рушди робита бо Ҷумҳурии Мардумии Чин барои Тоҷикистон хеле муҳим аст, зеро аз нигоҳи амниятӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон сарҳади муштараки тӯлонӣ бо Афғонистон ва ҳамчунин бо Чин дорад, ки ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризму экстремизм ва гардиши маводи мухаддир барои ҳар ду ҷониб муфид аст.

Аз нигоҳи ҷуғрофӣ Чин бо Тоҷикистон дорои марзи муштарак мебошад, ки назорату ҳамкории ҷиддии ду давлати ҳамсояро тақозо мекунад. Аз нигоҳи иқтисодӣ Чин шарики ҳамаҷонибаи стратегии Тоҷикистон буда, дар бозори дохилии Тоҷикистон мавқеи пешсафиро доро аст. Аз нигоҳи илму маърифат дар замони муосир Чин яке аз қабулкунандагони асосии донишомӯзон аз Тоҷикистон буда, забони чинӣ солҳои охир таваҷҷуҳи ҷавонони зиёди тоҷикро ба худ ҷалб намудааст. 

Соҳаи сиёсат ва амният

Дар муносибатҳои сиёсиву амниятии давлат сафарҳои расмиву давлатии сарони давлатҳо нақши муҳим иҷро менамояд. Дар ҷараёни сафарҳо санадҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба имзо расидаанд. Аввалин сафари расмии Президенти Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин моҳи марти соли 1993 баргузор гирдид, ки дар он ба ҳамкории дуҷониба замина гузошта шуд ва зимни сафари расмии моҳи августи соли 2017-и Сарвари давлати Тоҷикистон сатҳи ҳамкории дуҷониба то шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ бароварда шуд.

Дар густариши робитаҳои дуҷониба Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин нақши муҳим мебозад, ки ҳар сол дар шаҳри Душанбе ва ё дар шаҳри Пекин ҷаласаҳои муштарак баргузор мегарданд. Дар инкишофи робитаи сиёсии дуҷонибаи Тоҷикистону Чин ҳамчунин нақши машваратҳои сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии ду ҷониб хеле муҳим аст. Дар машваратҳои сиёсӣ ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои рушди муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии ҳамаҷонибаи Тоҷикистон ва Чинро баррасӣ менамоянд.

Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи амнияту мудофиа дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай ҳамкории самаранок ба роҳ мондаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар доираи ин Созмон бар зидди терроризм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир чораҳои профилактикӣ ва дар самти мубориза бо «се бадӣ»- терроризм, эстремизм ва сепаратизм ҳамкории муассир доранд.

Бо назардошти ҳассосияти вазъи ҷаҳони имрӯза Тоҷикистон ва Чинро барои густариши  ҳамкории сиёсиву амниятӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, ба муқобили зуҳуроти номатлуб, аз қабили терроризму экстремизм муборизаи муштарак  мебаранд. 

Ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ

Ҷумҳурии Мардумии Чин калонтарин сармоягузор дар иқтисоди Тоҷикистон ва шарики асосии тиҷоратӣ ба ҳисоб меравад. Робитаҳои иқтисодии давлатҳоро ҳамсарҳад будани Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ва доштани иқтидори фаровони захираҳои табиӣ ба ҳам наздик мекунад. Нишондиҳандаҳои гардиши савдо дар тӯли 30 сол дар масири шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ аз суръати баланди рушди он гувоҳӣ медиҳад. Агар соли 1993 ҳаҷми гардиши савдои Тоҷикистон ва Чин ба 8,9 миллион доллар баробар бошад, соли 2019  гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин ба 660,9 миллион доллар расид, ки ин ба 14,6 %-и гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон баробар аст. Ҳаҷми умумии содирот аз Тоҷикистон ба Чин соли 2018 57,1 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки нисбат ба 2017 21,7 миллион доллар афзоиш ёфтааст. Ҳаҷми умумии воридот дар давраи соли 2018 ба 594,1 миллион доллар баробар гардид, ки нисбат ба соли 2017 37,9 миллион доллар афзоиш ёфтааст. Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Чин соли 2022 1 миллиарду 230 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад ва ин гувоҳи он аст, ки робитаҳои иқтисодии Тоҷикистону Чин дар сатҳи зарурӣ рушд доранд.

Аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Тоҷикистон асосан маҳсулоти нассоҷӣ, маводи сохтмон, озуқаворӣ ва ашёи хоми кишоварзӣ ва дигар молҳои мавриди ниёзи мардум ворид карда мешавад.

Мутобиқи маълумоти охир , сохтори воридоти Чинро қариб 2000 номгӯй маҳсулот ташкил медиҳад.  Ҷумҳурии Мардумии Чин яке аз шарикони боэътимоди Тоҷикистон барои расидан ба ҳадафҳои коммуникатсионӣ ва истиқлоли энергетикӣ мебошад. Дар ин замина дар асоси робитаҳои дуҷонибаи мутақобилан судманди тарафҳо даҳҳо лоиҳаҳои вобаста ба роҳу нақлиёт ва энергетикӣ татбиқ карда шудааст. Бунёди роҳи автомобилгарди Душанбе-Қашғар нишона аз рушди муносибатҳои дуҷониба дар фазои ҳамгироии нақлиётии минтақа гардид. Роҳи мазкур барои Чин ва Тоҷикистон аҳамияти бузурги иқтисодӣ дошта, Чинро бо Эрону Афғонистон ва Тоҷикистонро бо Чину Покистон ва Ҳиндустон пайваст мекунад. Дар расидан ба истиқлоли энергетикӣ низ Чин ҳамкории густурдаро бо Тоҷикистон ба роҳ мондааст. Ба истифода додани хати интиқоли барқи 500 кв-и «Ҷануб-Шимол» ҳамкории энергетикии дуҷонибаро такон бахшид, ки дар натиҷа шабакаи энергетикии Тоҷикистон ба системаи ягона пайваст карда шуд. Ҳамчунин бо кумаки Ҷумҳурии Мардумии Чин дар шаҳри Душанбе Маркази гармидиҳӣ ба истифода дода шудааст, ки расидан ба истиқлоли энергетикиро то андозае осон намуд. Дар маҷмуъ дар Тоҷикистон зиёда аз 100 ширкати дар асоси сармоягузории Чин фаъолияткунанда ба қайд гирифта шудааст. Ғайр аз ин, Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ширкатҳои чинӣ корхонаҳои коркард ва истихроҷи ангиштсанг, оҳан, сурма, фосфор ва фулузоти нодирро ба роҳ мондааст. Бо ҳамкории ширкатҳои Тоҷикистону Чин дар Тоҷикистон ширкатҳои муштараки коркарди семент низ ба фаъолият оғоз намудаанд, ки бозори ватаниро бо семент таъмин ва то ҳадди имкон ба бозори минтақавӣ содирот менамоянд.

Дар ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Чин Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ нақши муҳим мебозад. 8 декабри соли 2020 ҷаласаи 11-уми Комиссия ба тариқи онлайн баргузор гардид, ҷонибҳо барои рушди ҳамкории дуҷониба, амиқгардонии шарикӣ, бахусус татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла саноатикунонии мамлакат, таъсиси корхонаҳои саноатӣ, рушди инфрасохторӣ, логистикию содиротӣ, татбиқи иқтисоди рақамӣ, ташкили паркҳои технологӣ ва ғайра бо ҷалби сармояи Чин дар Тоҷикистон ба мувофиқа расиданд.

Таҳлили равобити дуҷониба нишон дод, ки муносибатҳои иқтисодии ду давлат дар ҳоли рушд қарор доранд. Барои бештар рушд додани муносибатҳоӣ иқтисодӣ ташкил ва кушодани «шаҳракҳои иқтисодӣ» дар ҳар ду давлат аз манфиат холӣ нахоҳад буд.

Ҳамкории фарҳангиву илмӣ ва гуманитарӣ 

Фарҳанг ва илм яке аз воситаҳои асосии рушди дипломатияи мардумӣ ба ҳисоб рафта, рушди он заминаро барои ҳамкории саҳаҳои гуногун фароҳам меоварад. Омӯзиши забони чинӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ, аз ҷумла Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода ва Донишгоҳи давлати омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ба роҳ монда шудааст.

Бояд ёдовар гардид, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола мустақиман тариқи онлайн дар барномаҳои бурсиявии гуногуни муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин сабти ном ва имтиҳон супорида, соҳиби роҳхати идомаи таҳсил дар ин донишгоҳҳо мегарданд. Инчунин тариқи шартномавӣ низ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишгоҳҳои олии Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳсил менамоянд. Аз ҷумла, дар соли таҳсили 2013-2014 -122; ва соли 2014-2015 -277; соли 2015-2016 -240; 2016-2017 -298; 2017-2018 -243; 2019 -197 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи бурсияҳои таҳсилӣ дар курсҳои забономӯзӣ, зинаҳои бакалавр, магистратура ва доктор аз рӯйи ихтисос PhD-и муасисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Ҷумҳурии Мардумии Чин фиристода шудааст.

Зимнан, то 19 декабри соли 2019 дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илми Ҷумҳурии Мардумии Чин 3720 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ихтисосҳои гуногун тариқи бурсияҳои таҳсилии Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳсил менамоянд.

Ҳамзамон 65 шаҳрванди Ҷумҳурии Мардумии Чин дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамоянд. Хосса, шаҳрвандони ин давлат бештар дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон ва Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов таҳсил менамоянд. Ҳамкории дуҷонибаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин, аз ҷумла ҳамкории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур, Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров ва Донишгоҳи славянии Тоҷикистон ва Русия бо Донишгоҳи Синзян, Донишгоҳи омӯзгории Синзян, Донишгоҳи технологии Гуилин, Донишгоҳи Гуилин, Донишгоҳи омӯзгории Сиан, Донишгоҳи забонҳои Даля, Донишгоҳи омӯзгории Ляонин ва дигар муассисаҳои таҳсилоти олии ҳар ду давлат роҳандозӣ гардидааст.

Ҳамасола аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин, Вазорати тиҷорат, Вазорати маориф ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Мардумии Чин семинару конфронс ва симпозиумҳои байналмилалӣ ва курсҳои омӯзишии кӯтоҳмуддат барои донишҷӯён, омӯзгорон ва мутахасисони соҳаҳои гуногун гузаронида мешавад, ки донишҷӯён ва мутахасисони тоҷик ҳам дар ин чорабиниҳо фаъолона иштирок ва табодули таҷриба менамоянд. Дар баробари ин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 Маркази Конфутсий фаъолият менамояд, ки шумораи зиёди донишҷӯёни тоҷик ба омӯзиши забони чинӣ фаро гирифта шудаанд. Ҳамзамон дар донишгоҳу донишкадаҳои Тоҷикистон ихтисосҳои вобаста ба омӯзиши забону таърихи Чин вуҷуд доранд, ки барои омода намудани мутахассисони соҳибтаҷриба замина фароҳам меоранд.

Ҳамчунин байни донишгоҳҳои Тоҷикистону Чин санадҳои ҳамкорӣ оид ба табодули донишҷӯёну устодон ба имзо расидааст. Дар заминаи донишгоҳҳои Созмони ҳамкории Шанхай низ равобити мутақобилан судманд ба роҳ монда шудааст. Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон “Гӯшаи фарҳанги Чин” бунёд гардидааст, ки дар баргузории чорабиниҳои фарҳангиву илмии дуҷониба ва омӯзиши забони чинӣ нақши бузург дорад.

Ташкил ва гузаронидани рӯзҳои фарҳанг байни Тоҷикистону Чин ба ҳукми анъана даромада, ҳамасола дар пойтахти давлатҳо баргузор мегардад. Ин имкон медиҳад, ки мардумони ду давлат бо фарҳангу санъати якдигар аз наздик шинос шаванд. Байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистону Чин 2 сентябри соли 2015 барномаи табодули фарҳангӣ ба имзо расидааст, ки барои густариши робитаҳои фарҳангӣ замина фароҳам меорад.

Робитаҳои илмии дуҷониба дар заминаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Чин ба роҳ монда шудаанд. Моҳи марти соли 2016 якчанд санади ҳамкории илмӣ  бо Чин  ба имзо расонида шуд.

Вазъияти кунунии ҷаҳонии давраи пандемияи COVID-19 исбот намуд, ки ҳеҷ давлате наметавонад ба танҳоӣ вуҷуд дошта бошад. Дар ин вазъияти душвори иқтисодӣ дар раддабанди давлатҳои кумакрасон ба Тоҷикистон Чин дар мавқеи аввал қарор дорад. Бо паҳншавии ин беморӣ дар ҳудуди Тоҷикистон Чин яке аввалин давлати ёрирасон ба Тоҷикистон ба шумор мерафт. Чин ба Тоҷикистон аз аввалин рӯзҳои авҷи бемории COVID-19 маводи табобатӣ ва доруворӣ мефиристод. Дастаи пизишкони соҳибтаҷрибаи чинӣ барои кумак ба ҳамтоёни тоҷики худ вориди шаҳри Душанбе гардид. Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар 11 моҳи соли 2020 58 давлати ҷаҳон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 16 ҳазору 952 тонна ба маблағи 38 миллиону 212,3 ҳазор доллар кумаки башардӯстона расонидаанд. Кумакҳои Чин ба Тоҷикистон дар ин самт 42,2% ташкил додаанд.

Таҳлили робитаҳои фарҳангиву илмӣ ва гуманитарии Тоҷикистону Чин шаҳодат ба рушди ҳамкории ҳамаҷонибаи стратегӣ медиҳад. Дар робита ба рушди муносибатҳои фарҳангӣ Тоҷикистонро ҳам зарур аст, то ки дар Пекин ва дигар шаҳрҳои бузурги Чин гӯшаҳои фарҳангии худро боз намуда, чиниҳоро бо фарҳангу тамаддуни бойи тоҷикон шинос намояд. Барои рушди муносибатҳои илмии дуҷониба ба роҳ мондани табодули таҳқиқотчиёну донишҷӯён байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистону Чин ба мақсад мувофиқ аст, ки заминаи рушди ҳамкории илмиро дар давраи наздик вусъат хоҳад бахшид.

 Муносибатҳои бисёрҷониба 

Як самти хеле муҳими ҳамкорӣ бо Чин барои Тоҷикистон дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Милали Муттаҳид ва Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (CICA) мебошад. Ҳамчунин бояд иброз дошт, ки тарафҳо дар чорчӯбаи ташаббуси «Як камарбанд – Як роҳ» ва механизми навтаъсиси «Осиёи Марказӣ — Чин» ҳамкорӣ ба роҳ мондаанд, ки дар таҳкими робитаҳо байни ду давлати ҳамсоя нақши муҳим доранд. Якумин нишасти вазирони корҳои хориҷии сиғаи «Осиёи Марказӣ — Чин» 16 июли соли 2020 ба тариқи видеоконфронс бо ташаббуси Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид. Дар рафти ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои ин абзори нав дар бораи масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар мубориза бо пандемияи COVID-19, барқароркунии иқтидори иқтисодии минтақа, таъмини амнияти минтақавӣ ва рушди муносибатҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дурнамои ҳамкорӣ  

Таҳлилҳо собит менамоянд, ки муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Чин дар ҳоли густариш қарор доранд. Густариши ҳамкории иқтисодӣ бо Чин метавонад иқтидори  иқтисодии Тоҷикистонро тақвият бахшад. Аз нигоҳи амниятӣ ҳар ду давлат ба таҳкими суботу амнияти минтақа манфиатдор мебошанд. Амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ барои Чин хеле муҳим аст. Дар ин росто рушд ва тақвияти ҳамкории дуҷонибаву бисёрҷониба бар зидди терроризму қочоқи маводи мухаддир хеле муҳим аст. Ҳамчунин рушди ҳамкорӣ дар соҳаи илму фарҳанг ба нафъи ҳар ду ҷониб хоҳад буд.

Май 15, 2023 09:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ ба Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» идома доранд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2025» татбиқ мегардад
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ ОИЛА. Он барои таҳким бахшидани пояҳои оиладорӣ таҳия гардидааст
Тоҷикистон соли 2025 мизбони Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳои Созмони Милали Муттаҳид мегардад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои бо ангишт гарм кардани хонаҳо аз бухории махсус бояд истифода намуд
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Парчами давлатӣ рамзи қудрату тавонмандӣ ва сарҷамъии миллат аст
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ЗЕРИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ МУТТАҲИД ГАШТАЕМ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
РАМЗИ МУҚАДДАСИ МИЛЛӢ. Ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон шабакаи алоҳидаи телевизионӣ барои таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад