Тоҷикистон ва Туркия ҳамкориро доир ба масоили ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд

Май 13, 2023 09:52

ДУШАНБЕ,13.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Масоили марбут ба ҳамкории  Тоҷикистон ва Туркия дар заминаи ҳифзи муҳити зист зимни  мулоқоти Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо Сафири Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умут Ачар  дар Душанбе баррасӣ карда шуд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки раиси Кумита омодагии худро ба имзои Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия «Дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист» таъкид намуд. Лоиҳаи созишномаи мазкур бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2019 тасдиқ карда шудааст.

Инчунин дар мулоқот масъалаҳои марбут ба татбиқи лоиҳаи «Zero waste», мониторинги сифати ҳаво, таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба коркарди партовҳо, марҳила ба марҳила даст кашидан аз халтаҳои пластикии то 15 микрон ва коркарди дубораи маводи пластикӣ баррасӣ гардид.

Сафири Ҷумҳурии Туркия ҳавасмандии худро ба ҳамкории дуҷониба ва таҳкими ҳамкории вазоратҳои муҳити зисти ду давлат изҳор намуд.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукума ти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 13, 2023 09:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд