Туркия дар остонаи даври дуюми интихобот қарор дорад

Май 15, 2023 10:20

ДУШАНБЕ, 15.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тафовут байни Президенти Туркия Раҷаб Тайип Эрдуғон ва номзади ягонаи мухолифон Кемал Қиличдароғлу дар интихоботи президентие, ки 14 май баргузор шуд, аз рӯи натиҷаи ифтитоҳи 99,86 фоизи қуттиҳои раъйдиҳӣ то 4,35 дарсад коҳиш ёфт. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад, чунин маълумотро рӯзи душанбе шабакаи телевизиони давлатии TRT овардааст.

 Эрдуғон 49,34%, рақиби асосии ӯ 44,99% овозҳоро ба даст овардааст. Номзади сеюм аз “Алянси АТА” Синан Оган 5,23% овоз гирифтааст. Аз рӯи натиҷаҳои коркарди 99,2 фоизи қуттиҳои овоздиҳӣ фосилаи байни номзадҳои пешсаф қариб 4,5 банди фоизиро ташкил дод. Барои пирӯзӣ дар даври аввал номзад бояд 50% бо иловаи як овозро гирад, вагарна даври дуюм 28 май баргузор мешавад.

Рӯзи якшанбе дар Туркия интихоботи президентӣ ва парлумонӣ баргузор шуд, қитъаҳои интихоботӣ аз соати 08:00 то 17:00 фаъолият карданд. Овоздиҳӣ таҳти чораҳои пурзӯри амниятӣ сурат гирифт. Дар маҷмуъ дар интихобот беш аз 53 миллион нафар овоз дод.

АКС аз манбаъҳои боз

Май 15, 2023 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чораҳои муҳофизат аз гармии тобистонро пешниҳод менамояд
Гармои шадид дар Аврупо сабаби сӯхтори ҷангалҳо гардид
Беш аз 2 миллиард одамон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд
Даҳҳо ҳазор нафар дар ҷануби Чин бар асари тӯфон кӯчонида шуданд
Дар Ҳиндустон ҳавопаймо суқут кард
Дар Фаронса барои кӯдакони то 15-сола истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ манъ карда мешавад
Дар Қазоқистон пешниҳод намуданд, ки пӯшидани фаранҷӣ ва ниқоб манъ карда шавад
«МО ЯК УҚЁНУСЕМ». Фаронса мизбони сеюмин Конфронси СММ оид ба Уқёнус хоҳад буд
Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест