ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ. Ба Маҷлиси намояндагон 65 планшет ва компютеру принтери муосир ворид гардид
ДУШАНБЕ, 04.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати тақвият бахшидани раванди расидан ба «ҳукумати электронӣ» бо дастури роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳтар ва шаффоф намудани раванди муошират ва қабули дархостҳои шаҳрвандон имрӯз ба Маҷлиси намояндагон техникаву таҷҳизоти наву муосири коммуникатсионӣ, аз ҷумла 65 планшет ва компютеру принтери муосир ворид шуда, дастраси вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардонида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон иттилоъ дод.
Ҳукумати электронӣ дар Тоҷикистон бо ташаббус ва дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардида, нахуст соли 2003 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Стратегияи давлатии «Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид. Он на танҳо дар Осиёи Марказӣ, балки дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил низ аз нахустин чунин санади бунёдгузор дар ин самт маҳсуб мешавад.
Ҳамчунин дар асоси ин стратегия бо имзои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2004 Барномаи давлатии рушд ва ҷорӣ намудани технологияҳои итиилоотию коммуникатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2008 Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2011 Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ ва қабул гардид. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи суханрониҳои барномавиашон аз таҷрибаи давлатҳои мутараққии ҷаҳон ёдовар шуда, роҷеъ ба аҳамияти татбиқи технологияҳои нави иттилоотию коммуникатсионӣ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат таъкид менамоянд. Аз ҷумла, дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 26 декабри соли 2018 чунин изҳор намуданд: «Бо назардошти равандҳои муосир мо бояд корро ҷиҳати татбиқи иқтисодиёти рақамӣ ва дар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ҷорӣ кардани технологияҳои рақамӣ вусъат бахшем».
Ёдовар мешавем, ки «Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ» 30 декабри соли 2011 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, асосан таҳияи барномаҳои электронии рушди ҳамаи соҳаҳои мамлакатро фаро мегирад. Дастрасии вакилон ба техникаву барномаҳои нави электронӣ ҷиҳати иртибот бо шаҳрвандон ва татбиқи барномаву қонунҳои рақамӣ василаи хуб аст.
Ҳукумати электронӣ низомест, ки барои ташкили муоширати самараноки ҷамъиятӣ ҳамаи муассисаву мақомоти расмию ғайрирасмиро муттаҳид намуда, барои онҳо шароит фароҳам меоварад, то бо истифода аз шабакаи компютерӣ гардиши санадҳои электронии байниидоравиро таъмин созанд. Ҳамчунин ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ хизмати иттилоотӣ пешниҳод шуда, арзу шикоятҳои онҳо баррасӣ карда мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Эҳтиром ба Рӯзи Президент эҳтиром ба давлат, миллат, Истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу ваҳдат аст
Китоби «Президент ва ниҳоди президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» рӯнамоӣ гардид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
ДАР МЕҲВАРИ СУЛҲ, ВАҲДАТ ВА СОЗАНДАГӢ. Мулоҳизаҳо оид ба рисолати таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд






