«ЯК РӮЗИ ҶАВОНӢ». Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон барномаи фарҳангӣ доир мешавад
ДУШАНБЕ, 15.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон 18 май дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ барномаи идонаи фарҳангии «Як рӯзи ҷавонӣ» доир карда мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ хабар доданд.
Дар ҳамоиш ғолибони озмунҳои донишгоҳӣ ва ҷавонони фаъол дар вазъияти тантанавӣ қадрдонӣ карда шуда, ҳамзамон аз ҷониби дастаи ҳунарии донишгоҳ ва ҷавонони боистеъдоди он барномаи рангини иборат аз рақсу суруд ва қироати шеъру дубайтӣ дар васфи ҷавонӣ пешкаш карда мешавад.
Бояд гуфт, ки имрӯз нақш ва иштироки ҷавонон дар сиёсат, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ баръало эҳсос гардида, дар баробари ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ сиёсати давлатии ҷавонон ҳамчун самти афзалиятноки фаъолияти Ҳукумат муқаррар гардидааст.
Аз оғози ба даст овардани соҳибистиқлолӣ масъалаи ҷавонон дар маркази диққати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифта, соли 1992 Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» ба тасвиб расид.
Таваҷҷуҳу ғамхориҳои Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин қишри ҷомеа беназир аст. Тавре дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» омадааст, «мо бо ҷавонони мамлакати худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номус ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд. Маҳз ҷавонон дар оммавигардонии варзиш нақши асосӣ дошта, ба шарафи пирӯзиҳои онҳо Парчами Тоҷикистони маҳбуби мо дар гӯшаҳои гуногуни дунё парафшонӣ мекунад».
Сарвари давлат ҳамзамон иброз доштанд, ки бо мақсади дастгирии ҷавонон «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2026» ва «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023 – 2027» қабул гардид, ки ҳадафи он баланд бардоштани ҳуввият ва худшиносии ҷавонон аст.
Ёдовар мешавем, ки 23 майи соли 1997 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавони Тоҷикистон мулоқот намуда, фармон «Оид ба баъзе масъалаҳои беҳтар кардани кор бо ҷавонон»-ро ба имзо расониданд. Маҳз ҳамин рӯзи таърихӣ сабаб шуд, ки 23 май Рӯзи ҷавонон эълон гардад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд






