26 сол сокинон зери роҳбарии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар фазои сулҳу ваҳдати комил зиста, Ватан обод менамоянд

Июнь 27, 2023 16:12

ДУШАНБЕ, 27.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имсол  26 — солагии Ваҳдати миллиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тантана пешвоз мегирем. Бояд гуфт, ки 26 сол сокинони мамлакат зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои сулҳу ваҳдати комил, зери Парчами Ватан, дар ҳимояи Конститутсия бо шукргузорӣ аз давлату давлатдории миллӣ кору зиндагӣ доранд. Ин нуктаро   вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Файзулло  Наҷмиддиниён  дар мақолааш, ки ба унвонии АМИТ «Ховар» ирсол гардидаст, баён доштааст.

Тавре Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд: «Бо гузашти солҳо мо аҳамияти таърихии ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз, қимати сулҳу суббот ва ваҳдати миллиро бештар дарк ва қадр менамоем. Зеро маҳз аз баракати муттаҳид сохтани неруҳои сиёсӣ ва таъмини ризоияти ҷомеа,  мо,  пеш аз ҳама тавонистем Истиқлоли давлатӣ ва тамомияти арзии Ватани азизамонро ҳифз намоем ва мардуми худро аз парокандагӣ эмин нигоҳ дорем».

Ба ҳамин маънии тақдирсоз ваҳдати  миллӣ сарчашмаи асосии падидаи ҳамкорӣ, созгорӣ ва ҳамоҳангии манфиатҳою субот дар ҷомеа, амнияту тараққии ҷумҳурӣ  ва муҳимтарин заминаи пешрафтҳои халқамон ба шумор меравад. Андешаи ваҳдат дар фаҳанги миллати тоҷик  мақоми хосса  дошта, аз тарафи мутафаккирон ва адибонамон ҳамчун омили осоиши ҷомеа дониста шудааст.

Шоири зиндаёд Мирзо Турсунзода фармудааст:

Одамон аз дӯстӣ  ёбанд бахт,
Душманӣ  орад ба мардум рӯзи сахт.

Дар адабиёт ва фалсафаи  муосир мафҳуми ваҳдати миллӣ бештар маънои умумияти иҷтимоӣ ва муттаҳидии аъзои ҷомеаро дошта, қариб дар ҳама тамаддунҳо чун омили субот ва таъмини пешравии мамлакат  ба ҳисоб меравад. Зеро Ваҳдат сароғози ҳамаи комёбиҳо, созандагиву ободкориҳо, ибтидои суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва некӯаҳволии ҷомеаи навин, ҳамчунин, худогоҳиву худшиносӣ баҳри   миллати соҳибмаърифати мо ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин, дар фарҳанги миллии мо халқи соҳибиродаву соҳибтамаддунамон хеле хуб арзёбӣ мекунад, ки «Давлат ҳама з-иттифоқ хезад», ки ин дурдонаи маънии халқамон тайи чандин қарнҳо аз насл ба насл ба мерос гузаштааст ва ифшогари афкори халқи қадимаи мост. Ҳамин аст, ки бузургтарин дастоварди таърихии халқи мо дар садсолаи сипаригардида, ки тавассути ҷаҳду талошҳои шабонарўзӣ, роҳбарии дилсўзонаву падаронаи Сарвари давлат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва даст ёфтан ба тифоқиву якдигарфаҳмӣ насибамон гардид, ин истиқрори сулҳи комилу тақдирсоз дар Тоҷикистони азизу соҳибистиқлол мебошад.

Бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  27-июн ҳамчун рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон гардид. Сарвари давлати мо аз рӯзи аввали сари қудрат омаданашон баҳри ба даст овардани сулҳу амонӣ хизматҳои шоиставу зиёде карда, садоқат ба миллату давлату халқи хеш ва  сулҳофарӣ чун сифатҳои асосии  ин марди шариф маҳсуб меёбанд. Маҳз бо роҳнамоиву роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  сулҳи тоҷикон бо дарёфти ҳадафи аслии таърихи миллат, яъне Ваҳдати миллӣ расид. Ва дар ниҳоят сулҳ, Ваҳдати миллӣ ва Истиқлоли давлатии тоҷикон мафҳумҳои азиз барои ҳар фарди Тоҷикистон гардид.

Ин имкон дод, ки мамлакати мо ба марҳилаи нави давлатдории миллӣ қадамҳои устувори худро гузошта, ба сӯи созандагиву бунёдкорӣ ва пеш гирифтани ислоҳотҳои куллиро дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ амалӣ созад. Бахусус, пешрафти соҳаҳои маориф, фарҳанг, энергетика, роҳҳову коммуникатсия, саноату кишоварзӣ ба сиёсати стратегии мамлакат  табдил ёфт.

Бахусус, бунёди шоҳроҳҳои байналмиллалӣ барои пешрафт ва таҳкими Ваҳдати миллӣ таъсири басо бузург   расониданд.  Ва дар мамлакат орзӯи ҳазорсолаҳо, яъне имконияти тамоми фаслҳои сол сафар ба ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистонро муҳайё сохт, ки метавонем аз рӯзгори якдигарамон огоҳӣ ёфта, ба ривоҷи савдо, табодули фарҳангу анъанот байни  якдигар тақвият  бахшем. Ҳамчунин, ин роҳҳо дарвозаҳоест, ки муносибатҳои некбинонаву ҳамсоягии моро ба дигар давлатҳои ҳамсоя мустаҳкам намуда, муносибатҳои неку дӯстонаро бо онҳо густариш медиҳад.

Чун ба бунёдкориҳои беназире, ки ҳамасола дар тамоми минтақаҳои мамлакат рух медиҳанд,  бингарем ба қадри Ваҳдати миллӣ бештар хоҳем расид.          Ва ҳамаи ин дастовардҳои азим, самар аз роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва якдигарфаҳмию ҳамбастагии миллат буда, сабаби боз ҳам шукуфоӣ  ва пешрафти ҷумҳурӣ  гардидааст.

Имрӯз моро зарур аст, ки  дасти ҳам бигирему паи ободии Ватан аз ҳарвақта дида бештар бикӯшем.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 27, 2023 16:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Ҳуснуллин мулоқот намуданд
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир гардид
Вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок доранд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар саҳни бинои нави Парлумони Тоҷикистон дарахт шинонданд
Ҷаласаи якуми иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум доир шуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири ҳаҷ ва умраи Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
26 СЕНТЯБР — РӮЗИ МАҶЛИСИ ОЛӢ — ПАРЛАМЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Маҷлиси Олӣ мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузор мебошад
Ҳамкорӣ байни Маҷлиси намояндагон ва барномаҳои Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон тақвият меёбад
Мавсума Муинӣ бо ҳайати намояндагони Дафтари минтақавии Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ мулоқот намуд
Дар Узбекистон вохӯрии роҳбарони дастгоҳи парлумонҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ доир гардид
Робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Узбекистон тақвият меёбанд
Маҳмадтоир Зокирзода: «Тақвияти ҳамгироии минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ зарурати воқеӣ мебошад»