Аъзои Раёсати ФБНА бо нишони сарисинагии «30-солагии Фонди байналмилалии наҷоти Арал» сарфароз гардонида шуданд

Июнь 6, 2023 14:22

ДУШАНБЕ, 06.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз аъзои Раёсати Фонди байналмилалии наҷоти Арал бо нишони фахрии «30-солагии Фонди байналмилалии наҷоти Арал» сарфароз гардонида шуданд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Роман Скляр, мушовири Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шуҳрат Ғаниев, муовини Раиси Девони вазирони Туркманистон Аннагелдӣ Язмирадов ва дигар аъзои ҳайати мушовара ҷоизаҳоро супорид.

Бояд тазаккур дод, ки имрўз дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ дар мавзуи «Осиёи Марказӣ ба сӯи ояндаи устувор тавассути институти минтақавии пуриқтидор» бахшида ба 30-умин солгарди таъсиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал баргузор шуд, ки дар он масъалаҳои муҳими марбут ба идоракунии захираҳои обӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ муҳокима гардиданд.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, аз 5 то 7 июни соли равон дар Душанбе ҷаласаи Раёсати Фонди байналмилалии наҷоти Арал /ФБНА/ ва Конфронси байналмилалӣ таҳти унвони «Осиёи Марказӣ ба сӯи ояндаи устувор тавассути институти минтақавии пуриқтидор» баргузор мегардад.

Ёдовар мешавем, ки Фонди байналмилалии наҷоти Арал соли 1993 аз ҷониби сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ таъсис дода шудааст ва соли равон аз фаъолияти он 30 сол сипарӣ гардид. Муассисони фонд Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки Ҷаласаи 5-уми Машваратии Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал 14-15 сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 6, 2023 14:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд