«Бухоро» ғолиби Озмуни «Беҳтарин тарабхона дар шаҳри Душанбе» гардид
ДУШАНБЕ, 08.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. 6 июн бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин тарабхона дар шаҳри Душанбе» ҷамъбаст гардид. Ғолиби озмуни мазкур тарабхонаи «Бухоро» дониста шуда, бо ҷоизаи пулӣ, ҷом ва диплому туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Дар натиҷаи ҷамъбасти озмуни зикршуда, намояндагони тарабхонаҳои «Форел», «Оилавӣ», «Шарбат» ва «Дидор» барои иштироки фаъолона бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои шаҳри Душанбе ҳавасманд гардиданд.
Бояд гуфт, ки дар озмун Тоҷиддин Ҷалолов дар номинатсияи «Беҳтарин мененҷер», Кристина Курочкина дар номинатсияи «Беҳтарин пешхизмат», Шавкат Ғаниев дар номинатсияи «Беҳтарин ошпаз» ва тарабхонаи Форел дар номинатсияи «Беҳтарин хӯроки хоси тарабхона» ғолиб дониста шуда, бо ҷоизаҳои пулӣ ва Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд.
Дар чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмон Абдураҳмонзода гуфт, ки ҳадаф аз роҳандозӣ намудани озмуни мазкур ин баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мизоҷон ва сокинону меҳмонони пойтахт ва сайёҳон мебошад.
«Озмуни мазкур дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 17 январи соли 2022 «Дар бораи ташкил ва гузаронидани Озмуни «Беҳтарин тарабхонаи шаҳри Душанбе» бо мақсади рушду равнақи соҳибкорӣ, дастгириву ҳавасмандгардонии соҳибкорон ва муаррифии фарҳанги меҳмоннавозӣ ташкил гардидааст», -илова кард номбурда.
Дар асоси Низомномаи озмун, тарзи дастархонороӣ, хизматрасонии пешхизмат, муносибати пешхизматону масъулини тарабхонаҳо бо мизоҷон, тарзи дурусти оро додани дастархон бо маҳсулоти хӯрока ва истифодаи санъати баланди ороишӣ, ғояҳои мухталифи сарошпаз ва дигар нишондодҳо ба инобат гирифта шуда, ҳамзамон муҳити тарабхона низ бояд хушоянду дилписанд бошад.
Тарабхонаҳое, ки дар даври ноҳиявии Озмуни «Беҳтарин тарабхона дар шаҳри Душанбе» ғолиб гардида буданд, ба даври шаҳрии он роҳхат гирифтанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе








АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Дар роҳҳои шаҳри Душанбе чароғакҳои «ҳушманд» насб гардиданд
МАҚОМИ ОМӮЗГОР – МАҚОМИ СОЗАНДАГИИ МИЛЛАТ. Омӯзгорони шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд
«ШОҲНОМАХОНӢ». 36 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифт
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ — ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН. Таҳти ин унвон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ баргузор шуд






