«CAFA Nations Cup-2023». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо Уммон бозӣ менамояд
ДУШАНБЕ, 14.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Шоми имрӯз дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон дар доираи Мусобиқаи Ҷоми миллатҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ дар гурӯҳи «А» бозии дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо Уммон баргузор мегардад. Дар ин хусус ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Аз ин пеш дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии якуми худ бо дастаи мунтахаби Туркманистон рақобат намуд. Ин вохӯрӣ дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Тошканд баргузор шуда, бо ҳисоби 1 бар 1 мусовӣ анҷом ёфта буд.
Дар бозии дигари гурӯҳ дастаи мунтахаби Узбекистон бо ҳисоби 3 бар 0 муқобили дастаи мунтахаби Уммон ғолиб омад.
Хотиррасон мешавем, ки дар мусобиқаи «CAFA Nations Cup-2023» дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои мунтахаби Туркманистон, Уммон ва Узбекистон бозӣ менамояд.
Қобили тазаккур аст, ки бозӣ дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо Уммон дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Тошканд баргузор гардида, соати 18:30 оғоз мешавад.
«CAFA Nations Cup-2023»
Гурӯҳи «А». Даври 2
14 июн (чоршанбе)
Оғоз – соати 18:30
Уммон – Тоҷикистон
Тошканд, варзишгоҳи «Пахтакор»
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд






