«ЧАРОҒИ ҲИДОЯТ». Таҳти ин ном маҷмӯаи нави нависанда Сипеҳр Ҳасанзод рӯйи чоп омад
ДУШАНБЕ, 19.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Матбааи «Балоғат» маҷмӯаи нави нависанда Сипеҳр Ҳасанзодро зери унвони «Чароғи ҳидоят» ба нашр расонд, ки он аз як қисса ва ёзадаҳ ҳикоя иборат мебошад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Қиссаи «Чароғи ҳидоят» мушкилоти давраи наврасӣ, донишомӯзии қаҳрамон, рӯзгори рустоиён дар солҳои ҷанги дуюми ҷаҳон ва фаъолияти густардаи маорифчии матинирода Самад Фаттоевро дар моварои пуртаҳаввули таърих фарогир аст.
Нависанда ба ин васила дар қалбамон чароғ афрӯхта, ба маърифатандӯзӣ ҳидоят мекунад. Муносибати роҳбари мактаб-интернат ба кӯдакон ва ятимон дар қисса табиӣ баромадааст. Чун ў (роҳбари мактаб-интернат) мебинад, ки дар интернат (парваришгоҳ) ҷойи хоб намерасад, бачаи бепарасторро ба хонаи худаш мебарад ва қатори ҷигарбандонаш мехӯронаду мепӯшонад, ба камол мерасонад. Яке аз онҳо Ворис аст, ки яке аз чеҳраҳои тобнок дар ҷодаи илмҳои дақиқ мегардад.
Сипеҳр Ҳасанзод дар таълифи ҳикоя низ дар ин маҷмӯа ҷиддӣ хома меронад. Ӯ бо ҷилавгирӣ аз падидаҳои номатлуби ҷомеа, назари хешро мегӯяд. Ин нукта дар ҳикояҳои «Ба дидори офтоб зор», «Туй барпо нашуд», «Санги сабук», «Бачаи шайтон» ва «Узри кабк» бармало ба мушоҳида мерасад.
Дар мавриди китоби мазкур академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Носирҷон Салимӣ ва доктори илми филологӣ Замира Улмасова чунин нигоштаанд: «Нависанда аз як ҷузъиёти хурд, аз як падидаи ҷолиби зиндагӣ, аз як рафтори наҷиби одамӣ маъниҳои омўзанда мекашад ва онро дар қолаби ҳикоятҳои тасвирӣ ва ахлоқиву тарбиявӣ баён менамояд. Дар ин қабил ҳикояҳо назари таҳлилӣ, мушоҳида ва нерую қудрати инсоншиносии Сипеҳри Ҳасанзод ба ҳайси нависандаи равонков ба ҷилва меояд».
Номбурдагон иброз доштаанд, ки ҳикояи «Тӯй барпо нашуд» ба масъалаи доғ — никоҳи хешутаборӣ бахшида шуда, навоқиси ҷойдоштаро маҳкум мекунад. Дар ҷомеаи имрўз то кунун ашхоси кундзеҳну хурофотпарасте ҳастанд, ки ба моҳияти қонуни танзим ва риояи расму оин ва маросим сарфаҳм нарафта, маҳдуд менигаранд. Адиби равшанзамир тафаккури пасти ин тоифаро мазаммат намудааст”.
Нависанда дар қисса ва ҳикояҳои худ василаи образҳо инсони одии деҳотро дар меҳвари тасвир мегузорад. Забони асарҳои нависанда саршор аз калимоти ноби тоҷикианд, ки мутаассифона, имрӯз аз истифодаи аҳли қалам берун монда, дар шеваи гуфтугӯйии мардум маҳфуз мондаанд.
Бояд гуфт, ки ӯ муаллифи маҷмӯаҳои насрӣ, як силсила мақолоти публитсистӣ ва филмҳои мустанад аст. Гулчини ҳикояҳо ва публитсистика нависанда ба забонҳои русӣ, англисӣ, олмонӣ, форсӣ, белорусӣ, арабӣ ва узбекӣ рӯи чоп омадаанд.
Китоби «Чароғи ҳидоят» барои дарёфти Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ пешниҳод шудааст.
АКС аз бойгонии муаллиф








Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд






