Дар Бадахшон 26-умин солгарди Ваҳдати миллӣ дар фазои тантанавӣ истиқбол гирифта шуд

Июнь 24, 2023 12:57

ДУШАНБЕ, 24.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз дар Боғи фарҳангӣ — фароғатии шаҳри Хоруғ бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, роҳбарияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва меҳмонон аз минтақаҳои дигари мамлакат чорабинии идона ба муносибати 26-умин солгарди Ваҳдати миллӣ доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар медиҳад.

Нахуст ҳайати меҳмонон бо намунаи ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ дар намоишгоҳи ҳунармандони вилоят шинос шуда, ба маҳсули кори онҳо ва деҳқононии шаҳру ноҳияҳои вилоят баҳои баланд доданд.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба сокинону меҳмонони вилоят ва иштирокчиёни чорабинӣ расонид.


Матлубахон Сатториён таъкид намуд, ки Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозанда имкон фароҳам овард, ки бо истифода аз арзишҳои аҷдодӣ ва ҷаҳонӣ дар мамлакат таҳкурсии қавии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шуда, барои беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлол заминаи мусоид муҳайё гардад.

Дар ҷамъомад гуфта шуд, ки бо шарофати соҳибистиқлолӣ ва пойи қудуми мубораки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдати миллӣ дар ҷумҳурӣ танинандоз гардида, имрўзҳо мардум дар пайи ободии Ватан ҳастанд.

Барномаи фарҳангӣ бо иштироки беҳтарин санъаткорони ҷумҳурӣ ва вилоят анҷомбахши чорабинии идона гардид.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Июнь 24, 2023 12:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд