Дар Бадахшон ҳамоиши гирандагони Стипедияи президентӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 25.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. 23 июн бо иштироки роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳамоиши гирандагони Стипендияи президентӣ баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят хабар медиҳад.
Таъкид гардид, ки баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба дастовардҳои баланд ноил гардидан дар соҳаи маориф ва аз худ намудани донишҳои замонавӣ бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор санадҳо ва қонунҳо ба тасвиб расида, баҳри пешбурди ин соҳаи ниҳоят афзалиятнок чораҳои зарурӣ роҳандозӣ гардиданд.
Маҳз таваҷҷуҳи ҳамешагии давлату ҳукумати мамлакат нисбат ба ин соҳа буд, ки якчанд имтиёзҳо, аз ҷумла Стипедияи президентӣ барои хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ роҳандозӣ гардид, ки сол ба сол теъдоди гирандагони он дар мамлакат меафзояд.
Тазаккур дода шуд, ки насли наврас ва ҷавон ҳамеша дар зери таваҷҷуҳи роҳбарияти мамлакат қарор доранд ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати пайдо намудани имкониятҳо барои аз худ намудани донишҳои замонавӣ ва муосир чораҷӯӣ намуда истодааст. Аз ин рӯ ҷавононро зарур аст дар ҷавоб ба ин гуна ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат, бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста талош кунанд, то ки дар оянда барои Ватани худ содиқонаву софдилона хизмат намоянд.
Боиси ифтихор аст, ки бо иқдомҳои наҷибу созандаи Пешвои миллат аз 1 сентябри соли 2021 теъдоди гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 400 ба 3000 адад расонида шуд, ки ин ҳам давоми дастгирӣ ва ғамхориҳои Сарвари давлат ба қишри ояндасозӣ миллат – ҷавонон ва наврасон мебошад.
Дар охир ба гирандагони Стипендияи президентӣ маблағи пулӣ тақдим карда шуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон








Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар рейтинги GreenMetric World University Rankings 2026 ба натиҷаи бесобиқа ноил гардид
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба раддабандии ҷаҳонии донишгоҳҳои сабз дохил гардид
Доир ба рушди забони давлатӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
МАВЛОНО-ОФТОБИ МАЪРИФАТИ БАШАРӢ. Таҳти ин унвон ҳамоиши илмӣ – адабӣ доир шуд
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид
Натиҷаҳои озмуни тақсимоти давраи сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ муайян мегарданд
Даври ҷумҳуриявии озмуни «Мураббии сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Муассисаи таълимии №6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-ро мавриди истифода қарор доданд
Солҳои охир теъдоди муассисаҳои таълимӣ дар Бадахшон ба таври бесобиқа афзоиш ёфтааст
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд 986 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Байни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Ланҷоу Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






