Дар «Боғи Ирам» ҷашни Тиргон бо баргузории Иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» таҷлил мегардад

Июнь 22, 2023 16:32

ДУШАНБЕ, 22.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. 25 июн дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе ҷашни Тиргон бо баргузории Иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» таҷлил мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати кишоварзии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷашнгоҳ намоиши маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ, аз ҷумла навъҳои гуногуни зардолу, анвои аз ин мева омодашуда, инчунин хушкмеваҳои ватанӣ, навъҳои зироати кишоварзӣ ва дастовардҳои илмии кишоварзон ташкил мегардад. Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ тақдими ҷоизаҳо ба фаъолони соҳаи кишоварзӣ дар назар дошта шудааст.

Бояд гуфт, ки таҷлили ҷашни мазкур бо мақсади таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2023 ва супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҷлили ҷашни Тиргон ва баргузории Иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» ба роҳ монда мешавад.

АКС аз бойгонӣ

Июнь 22, 2023 16:32

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Дар мавриди фоидаи ғизо ва нӯшокиҳо барои саломатӣ дар фасли зимистон
Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд