Дар Душанбе озмоишгоҳи санҷиши мехсутуну асосҳои бино ва иншоот ба истифода дода шуд

Июнь 17, 2023 14:31

ДУШАНБЕ, 17.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе озмоишгоҳи муосири санҷиши мехсутуну асосҳои бино ва иншоот дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба истифода дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар маросими ифтитоҳи он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода, Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Мирзозода ва намояндагони дигар идораву сохторҳои сохтмонию меъморӣ иштирок намуданд.

Озмоишгоҳ ҷиҳати дар муҳлатҳои муқаррарнамуда таъмин намудани иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади баҳодиҳии риояи меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ, регламентҳои техникии сифати технологии корҳои сохтмонӣ, мавод ва маснуоти сохтмонӣ, инчунин дигар санадҳои қонунгузории шаҳрсозӣ дар бино ва иншооти сохташаванда бо мақсади таъмини зилзилатобоварии бинову иншоот барои санҷиши мехсутуну асосҳои бино ва иншоот дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таъсис дода шуд.

Санҷиши мехсутунҳо дар майдони сохтмонӣ тибқи талабот, тартиб ва меъёру коидаҳои сохтмонӣ амалӣ карда мешавад. Мақсади асосии санҷиш ин муайян намудани қобилияти борбардории мехсутунҳо мебошад, ки баъди санҷиш бо натиҷаи ҳисоби конструктивӣ муқоиса карда мешавад.

Санҷиши мехсутунҳои оҳанубетонӣ бо ёрии таҷҳизоти махсуси муосир, яъне болорҳои филизӣ, домкратҳо, насоси гидравликӣ, фишорсанҷ (манометр), таҷҳизоти муайян намудани деформатсия (прогибомер) ва ғайра амалӣ мегардад.


Дар ҷамъбасти озмоиши мехсутунҳо хулосаи санҷишӣ бо дарҷи расмҳо, раванди озмоиш, муҳлати гузаронидани санҷиш ва дигар ҷараёнҳои вобаста ба устувории мехсутунҳо тартиб дода шуда, як нусхаи он ба фармоишгар дастрас мегардад ва нусхаи дигари он дар бойгонии Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозии Кумита то панҷ сол нигоҳ дошта мешавад.

Дар асоси фармоиши Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 июни соли 2023 бо мақсади таъмини риояи меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ, регламентҳои техникии сифати технологии корҳои сохтмонӣ, бехатарии сейсмикии бино ва иншоот ҷиҳати баҳодиҳии эътимоднокии мехсутунҳое, ки ҳангоми сохтмони бино ва иншоот бунёд мегарданд, ба таври ҳатмӣ аз озмоиши соҳавӣ тибқи талаботи меъёру қоидаҳои шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд.

Фармоишгарон, таҳиягарони ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ ва пудратчиён мутобиқатии корҳои иҷрошудаи сохтмониро ба лоиҳа ва сифати сохтмон таъмин намуда, ҷиҳати аз озмоиши соҳавӣ гузаронидани мехсутунҳо, ки ҳангоми сохтмони бино ва иншоот бунёд мегарданд, дар асоси фармоиши болозикр бояд чораҳои зарурӣ андешанд.

АКС: Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 17, 2023 14:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад