Дар Душанбе 20 нафар занон-кормандони вазорату идораҳо малакаи забондонии худро ташаккул доданд
ДУШАНБЕ, 07.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. 6 июн бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030» дар Маркази омӯзишӣ ва дастгирии занони роҳбарикунанда ва болаёқат аз рӯи барномаи «Ташаккули малакаи забондонӣ ва коргузории хизматчиёни давлатӣ» курси омӯзишӣ барои 20 нафар занон-кормандони вазорату идораҳо ҷамъбаст гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи мазкур хабар медиҳад.
Курси ормӯзишӣ бо мақсади тақвият додани донишандӯзии хизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби бонувон дар азхудкунии забонҳои хориҷӣ, технологияи иттилоотӣ, коргузорӣ дар идораи давлатӣ, маҳорати суханварӣ ва омода намудани кадрҳои роҳбарикунанда дар ҳамкорӣ бо Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда буд.
Дар ҷамъбасти хатмкунадагони курс бо забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ дар мавриди курси омӯзишӣ, ки ҳаҷми 96 соати таълимӣ се моҳ идома ёфт, ибрози андеша намуда, сипас соҳиби Гувоҳнома гардиданд.
Бояд гуфт, ки баргузории курсҳои мазкур дар як сол се маротиба ба нақша гирифта шуда, дар маҷмуъ 60 нафар занону духтарон аз мақомотҳои марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷалб мегарданд.
АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад






