Дар Душанбе масъалаи рақамисозии соҳаи кишоварзии Тоҷикистон баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 09.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. 5 июн дар ҳошияи Ҷаласаи 5-уми Машваратии Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода бо Директори Дафтари зерминтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар Осиёи Марказӣ Виорел Гутсу баргузор гардид, ки зимни он масъалаи рақамисозии соҳаи кишоварзӣ муҳокима гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати кишоварзии мамлакат.
Виорел Гутсу изҳор намуд, ки дар байни давлатҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон нақши калидӣ ва афзалиятнок дошта, роҳбарияти Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид аз талаботу мушкилоти ҷойдошта дар Тоҷикистон огаҳӣ дошта, барои кумаку ҳалли онҳо ҳавасманд мебошад.
Таъкид гардид, ки ҳоло Созмон якҷоя бо шарикони рушд оид татбиқи барнома ва лоиҳаҳои муҳофизати растанӣ, қутоспарварӣ, таъмини хоҷагиҳои фермерӣ бо метеостансияҳои агрометерологӣ ва истифодаи он дар майдонҳои зироати афзалияти содиротӣ дошта, корбарӣ намуда истодааст.
Ҷонибҳо ҳамчунин барои ҳамкории судманди минбаъда ибрози назар намуданд.
Инчунин Виорел Гутсу ҷониби Тоҷикистонро барои иштирок дар вохӯрии вазирони кишоварзӣ, ки аз 1 то 7 июли соли равон бо ташаббуси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Рим баргузор мегардад, даъват намуд.
АКС: Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд






