Дар Гулистон дар даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» 60 довталаб иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 09.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар мактаби санъати шаҳри Гулистон даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Раиси шаҳри Гулистон хабар медиҳад.
Дар озмун 60 нафар довталаб аз рӯйи панҷ номинатсия ҳунару истеъдоди худро муаррифӣ намуданд.
Дар натиҷаи баҳогузории ҳакамон ғолибони даври шаҳрӣ муайян гардида, бо дипломҳои дараҷавӣ қадрдонӣ карда шуданд ва ба даври вилоятии озмун роҳхат гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки соли равон Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» аз рӯйи 5 номинатсия — композиторӣ, сарояндагӣ, навозандагӣ, санъати тасвирӣ ва дизайн гузаронида мешавад.
Номинатсияҳои санъати тасвирӣ ва дизайн бори аввал баргузор мегарданд ва дар онҳо довталабон аз рӯйи жанрҳои санъати тасвирӣ (рассомӣ, ҳайкалтарошӣ, графика, миниатюра), ороиши амалӣ (кулолгарӣ, заргарӣ, наққошӣ, коркарди бадеии чӯб), дизайни графика, реклама, дизайни дохили бино, дизайни мӯд ва бофандагии бадеӣ маҳорат месанҷанд.
Дар ин замина, шумораи ҷойҳо барои ғолибони озмун 40 адад зиёд гардида, дар маҷмуъ 115 ҷойро ташкил медиҳад. Ҳамчунин шумораи ғолибони Ҷоизаи ифтихорӣ (шоҳҷоиза) низ 2 нафар зиёд шуда, ба 5 нафар мерасад.
Шумораи мукофотҳои пулӣ барои омӯзгороне, ки шогирдонашон дар даври сеюми озмун ғолиби ҷойҳои 1, 2, 3 ва Ҷоизаи ифтихорӣ (шоҳҷоиза) мегарданд, 15 адад зиёд гардида, ба 61 адад расонида шудааст.
Вобаста ба тағйироти зикргардида маблағи мукофоти ғолибон ва баргузории озмун 3 750 000 (се миллиону ҳафтсаду панҷоҳ ҳазор) сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта 1 210 000 сомонӣ зиёд мебошад.
Бо дастури бевоситаи Пешвои миллат, ба соҳибони ҷоизаҳои ифтихорӣ ва ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми озмун дар баробари мукофоти пулӣ, инчунин имтиёзҳои дигар низ пешбинӣ шудаанд. Аз ҷумла, ғолибони озмун ҳуқуқи иштирок дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиро пайдо намуда, барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Вазорати фарҳанг ба таври ройгон бе супоридани имтиҳон қабул карда мешаванд.
Хотиррасон мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» таҳти cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, он бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи санъати мусиқӣ ва сарояндагӣ, рассомӣ ва дизайн, баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва эҳсоси зебоишиносӣ, тақвияти ҳунари баланди иҷрокунандагӣ, таблиғ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба суннатҳои неки аҷдодӣ, боло бурдани сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, офарандагӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд, коллексияҳо ва асарҳои рассомӣ баргузор мешавад.
Соли 2023 озмун миёни гурӯҳҳои касбӣ — хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимии мусиқии касбӣ, мактабҳои санъат ва рассомии бачагона, инчунин коллеҷҳои санъату рассомӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, сарояндагону навозандагони филармонияҳо ва театрҳои халқӣ, дастаҳои ҳунарии назди раёсат, шуъбаву бахшҳои фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо, ансамблҳои ҳунарӣ, оилавӣ ва гурӯҳи ҳаваскорон — хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва баъд аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ходимони илмӣ ва эҷодӣ гузаронида мешавад.
АКС: Маркази матбуоти Раиси шаҳри Гулистон








Оид ба фаъолият ва рӯзгори сиккашиноси маъруфи тоҷик конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории рӯзи якуми даври ниҳоии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» шинос шуд
Китоби сеюми ««Народная газета» о Народном Президенте» нашр гардид
Дар Федератсияи Русия бахшида ба бузургдошти Аҳмади Дониш конфронси байналмилалӣ доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конгресси байналмилалии «Мероси маънавӣ ва маърифатӣ дар Осиёи Марказӣ» иштирок намуд
«ЧЕҲРАИ МИЛЛАТ». Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон барномаи фарҳангӣ-адабӣ доир шуд
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». 14 ноябр даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
13 НОЯБР-РӮЗИ ТАЪСИСИ ТЕЛЕВИЗИОНИ «ШАҲНАВОЗ». Ин шабакаи мусиқӣ дар рушди фарҳанги миллӣ нақши муҳим дорад
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Бахшида ба Рӯзи Президент китоби академик Фарҳод Раҳимӣ рӯнамоӣ гардид
Сокинони ноҳияи Восеъ соҳиби туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безавол мегарданд
Туҳфаи Президенти Тоҷикистон- «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ ба собиқадорони ноҳияи Ёвон тақдим гардид






