Дар Хуҷанд мумфаршкунии роҳи маҳаллӣ оғоз гардид
СУҒД, 22.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар кӯчаҳои Солеҳ ва Зариф Раҷабовҳо ва Шариф Раҷабови маҳаллаи «Раззоқ»-и шаҳри Хуҷанд мумфаршкунии роҳ шуруъ гардид. Дар маросими оғози кор Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, пирони рўзгордида ва дигар фаъолони маҳалла иштирок намуданд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Иттилоъ дода шуд, ки роҳи кӯчаҳои Солеҳ ва Зариф Раҷабовҳо ва Шариф Раҷабови шаҳр беш аз 1 километр буда, дар маҷмуъ 3600 метри квадратиро ташкил медиҳад. Фармоишгар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва пудратчии корҳо Идораи роҳсозии ин шаҳр мебошад.
Имрўзҳо бунёду навсозии роҳҳои мошингард дар заминаи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо руҳия ва ҳисси баланди миллӣ анҷом дода мешаванд.
Дар суҳбат бо сокинон Раиси вилояти Суғд изҳор дошт, ки бо дастур ва раҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани Рўзи Ваҳдати миллӣ ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави шаҳру навоҳии вилоят бунёди садҳо адад иншооти таъйиноташ гуногун бомаром идома дорад.
Дар навбати худ сокинони маҳаллаи «Раззоқ»-и шаҳр аз ин иқдоми созандаи давлату Ҳукумати мамлакат истиқбол намуда, аз ҷумла таъкид доштанд, ки дар ин иқдоми созандагию ободкориҳо канор наистода, бо ҳамраъйии дастҷамъона диёри хешро то 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам ободу пешрафта менамоянд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Кӯлоб 77 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои гузаргоҳи гумрукӣ ва чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии тантанавии идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб иштирок намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» оғоз гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди маҷмааи нассоҷӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб санги асос гузоштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаҳои роҳ ва пулҳои мошингард дар минтақаи Кӯлоб шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ 17 иншоотро дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд






