Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Октябрь 5, 2026 09:29

ДУШАНБЕ, 05.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 5 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, дар шаҳри Кӯлоб бинои нави маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии Кӯлобро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои нави Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб бо риояи санъати баланди меъморӣ бунёд гардида, дар рафти корҳои сохтмонӣ беш аз 100 сокини маҳаллӣ ба кори муваққатӣ ҷалб гардиданд. Баъди ба истифода додани иншооти мазкур барои 60 корманди минтақаи мазкур ҷойи кории доимӣ ташкил гардида, кормандони он бо тамоми шароити лозима таъмин карда шуданд.

Корҳои сохтмонӣ дар иншоот бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2021 оғоз гардида, дар муҳлати муайяншуда бо риояи талаботи меъёрҳои муосири шаҳрсозӣ анҷом дода шудааст.

Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки иншооти мазкур аз 23 утоқи корӣ, толори маҷлисгоҳ бо 108 ҷойи нишаст, 2 утоқи вохӯрӣ ва ошхона бо 54 ҷой иборат буда, бо техникаю таҷҳизоти замонавӣ, низоми муосири гармидиҳӣ, ҳавотозакунӣ, назорати бехатарӣ ва видео таъмин мебошад.

Дар ошёнаи аввали бинои мазкур Маркази хизматрасонии Равзанаи ягона бунёд гардида, дар он хизматрасониҳои андозӣ, гумрукӣ, муҳоҷират, раводид, бонкӣ ва ғайра пешниҳод карда мешавад.

Дар доираи корҳои ободонӣ 2,1 километр роҳ бунёду мумфарш гардида, саҳни бино бо фаввораҳо, дарахтони ороишӣ, беш аз 15 ҳазор бех гули мавсимию ороишӣ ва 10 ҳазор бех гули садбарги рангоранг оро дода шудааст. Инчунин, бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, дар толори варзишии он 32 адад таҷҳизоти варзишӣ насб гардидааст.

Бунёди бинои нави маъмурияти МОИ Кӯлоб барои фароҳам овардани шароити муосири хизматрасонӣ ба субъектҳои минтақа, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти минтақаи озоди иқтисодӣ нигаронида шудааст.
Ба истифода додани бинои нави маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб 05.10.2026

Октябрь 5, 2026 09:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар деҳаи Истиқлоли ноҳияи Деваштич майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар минтақаи Рашт 30 оилаи ниёзманд соҳиби манзили истиқоматӣ шуда, ду корхонаи саноатӣ фаъол гардид
Сафари кории Президенти Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд
Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар Ёвон бинои иловагии муассисаи таълимӣ ва маркази инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Варзоб ду муассисаи нави таълимӣ барои 1485 хонанда ба истифода дода мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Кристофер Ландауро ба ҳузур пазируфтанд
Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд