ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст

Октябрь 6, 2026 10:46

ДУШАНБЕ, 06.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Кӯлоб то 1 октябри соли 2026   493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст, ки аз нақшаи пешбинишуда зиёд мебошад. Чунин иброз намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5 октябр зимни суханронӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб.

Пешвои миллат изҳор доштанд, ки имрӯз дар ҷараёни сафари корӣ 41 иншооти дигар ба истифода дода шуд. Иброз гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 3 миллиарду 900 миллион сомонӣ равона карда шуд.

Сарвари давлат таъкид намуданд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ беҳтар намудани шароити манзилии аҳолии шаҳр низ таҳти таваҷҷуҳи доимӣ қарор дода шуд.

«Дар ин давра дар шаҳри Кӯлоб хонаҳои истиқоматӣ ба масоҳати умумии 618 ҳазор метри мураббаъ сохта, ба истифода дода шудаанд. Ба зиёда аз 8 ҳазор оила барои бунёди манзили истиқоматӣ қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда шуданд»,-афзуданд Президенти мамлакат.

Ҳамчунин дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҳисоби ҳама манбаъҳои маблағгузорӣ 53 бинои муассисаи таълимӣ бо 17 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шуд. Соли 2026 сохтмони боз 20 бинои муассисаи таълимӣ бо беш аз 7 ҳазор ҷойи нишаст идома дорад.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳр 84 муассисаи тандурустӣ бунёд ва ба истифода дода шуд.

Пешвои миллат ба сокинони заҳматдӯсти шаҳр, соҳибкорони ватандӯст ва шахсони саховатпеша, ки дар ободонии шаҳри бостонии Кӯлоб, хусусан дар давраи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ саҳми арзишманд гузоштаанд, миннатдории самимӣ баён намуданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

 

 

Октябрь 6, 2026 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад