Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 23.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар Парлумони мамлакат ҳамоиши илмӣ дар мавзӯи «Ваҳдати миллӣ» доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон хабар дод.
Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода иброз намуд, ки 27 июни соли 1997 дар натиҷаи талошу заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи давлатдориву давлатсозии навини тоҷикон рӯйдоди бузурге ба амал омад, ки он дар тақдири минбаъдаи миллат гардиши куллӣ гардид.
Таъкид шуд, ки самараи сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Пешвои миллат мебошад, ки мардуми мо ваҳдату ягонагиро шиор карда, шаҳди онро мечашанд ва имрўз барои таъмини зиндагии боз ҳам шоиста камари ҳиммат баста, роҳу мактаб, кўдакистону китобхонав, қасру боғҳои фарҳангӣ, шифохона ва манзилҳои хуштарҳи замонавӣ месозанд.
Ваҳдати миллӣ асоситарин шарти озодиву истиқлолияти ҳар як давлат буда, муҳаббат, ҳуввият ва шарофату шафоати инсонии шаҳрвандонро таъмин менамояд ва пешрафту тараққиёти иқтисодию иҷтимоии мамлакатро таҳким мебахшад.
Дар назди иштирокчиёни ҳамоиш ҳамчунин роҳбарият ва вакилони Маҷлиси намояндагон роҷеъ ба нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи давлатдориву давлатсозии навини тоҷикон маъруза намуданд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ






