Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ ҳамоиш доир шуд

Июнь 23, 2023 19:36

ДУШАНБЕ, 23.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар Парлумони мамлакат  ҳамоиши илмӣ дар мавзӯи «Ваҳдати миллӣ» доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон хабар дод.

Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода  иброз намуд, ки 27  июни соли 1997 дар натиҷаи талошу заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи давлатдориву давлатсозии навини тоҷикон рӯйдоди бузурге  ба амал омад, ки он дар тақдири минбаъдаи миллат гардиши куллӣ  гардид.

Таъкид шуд, ки самараи сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Пешвои миллат мебошад, ки  мардуми мо ваҳдату ягонагиро шиор карда, шаҳди онро   мечашанд ва имрўз барои таъмини зиндагии боз ҳам шоиста камари ҳиммат баста, роҳу мактаб, кўдакистону китобхонав,  қасру боғҳои фарҳангӣ, шифохона ва  манзилҳои хуштарҳи замонавӣ месозанд.

Ваҳдати миллӣ асоситарин шарти озодиву  истиқлолияти ҳар як давлат буда, муҳаббат, ҳуввият ва шарофату шафоати инсонии шаҳрвандонро таъмин менамояд ва пешрафту тараққиёти иқтисодию иҷтимоии  мамлакатро таҳким мебахшад.

Дар назди иштирокчиёни ҳамоиш ҳамчунин роҳбарият ва вакилони Маҷлиси намояндагон  роҷеъ ба нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи давлатдориву давлатсозии навини тоҷикон  маъруза  намуданд.

 АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 23, 2023 19:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Оид ба таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Муғулистон вохӯрӣ доир шуд
17 октябр иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад