Дар ноҳияи Восеъ сохтмони чанд муассисаи таълимӣ идома дорад
ДУШАНБЕ, 07.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи «Охҷар»-и Ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ сохтмони бинои нави муассисаи таълимии №49 идома дорад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати маорифи вилояти Хатлон.
Вазири маориф ва илми мамлакат Раҳим Саидзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Восеъ аз рафти сохтмони бинои нави муассисаи таълимии №49-и ноҳияи Восеъ, ки барои 480 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст, шинос гардид.
Раҳим Саидзода бо омӯзгорону сохтмончиёнро вохӯрӣ намуда, дастур дод, ки дар собиқ бинои муассисаи таълимии №49 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ташкил гардида, кӯдакони деҳот ба кўдакистон фаро гирифта шаванд.
Иттилоъ дода шуд, ки ин муассисаи таълимӣ бо маблағгузории Бонки Осиёгии рушд бунёд гардида истодааст.
Номбурда ҳамчунин аз вазъи сохтмони биноҳои нави чанде аз муассисаҳои таълимии дигари ноҳияи Восеъ дидан намуда, бо омӯзгорон оид ба беҳтар намудани сифати таълиму тарбия суҳбат анҷом дод.
Дар муассисаи таълимии №3 бинои муосир барои 1176 нафар хонанда пешбинӣ гардидааст, ки дар айни ҳол дар он 72 нафар омӯзгор ва 1256 нафар хонанда фаъолияту таҳсил мекунанд.
Гуфта шуд, ки бинои мактаби мазкур аз замони бунёдаш ягон маротиба таъмири асосиро надидааст ва барои навсозӣ ба нақша ворид гардид. Бо ҷалби шарикони рушд ин мактаб таъмири асосӣ карда хоҳад шуд.
Муассисаи нави таълимии №54-и ноҳияи мазкур барои 240 ҷойи нишаст пешбинӣ шуда, бо маблағгузории Фонди Осиёгии рушд бунёд шуда истодааст. Дар муассисаи номбурда ҳоло 635 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
АКС: Раёсати маорифи вилояти Хатлон








Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд






