Дар шаҳри Тсиндаои Чин Форуми дипломатияи мардумии Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид

Июнь 16, 2023 15:03

ДУШАНБЕ, 16.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 10-умин солгарди ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» ва 22-умин солгарди таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар шаҳри Тсиндаои музофоти Шандуни Чин Форуми дипломатияи мардумии ин Созмон ва Форуми бародаршаҳрҳо оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар котиботи Кумитаи Чин оид ба ҳамсоягӣ, дӯстӣ ва ҳамкории Созмони ҳамкории Шанхай хабар доданд.

Мавзӯи асосии Форуми мазкур тавсеаи ҳамкорӣ мебошад. Чорабинии бонуфузи байналмилалӣ ба майдони нави густариш ва таҳкими мубодила ва ҳамкорӣ байни Тсиндао ва шаҳрҳои давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай табдил ёфт.

Дар ин ҳамоиш беш аз 400 нафар аз 16 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла сиёсатмадорон, сафирони давлатҳои хориҷӣ дар Чин ва намояндагони котиботи ин Созмон иштирок доштанд.

Дар ҳошияи Форум иштирокдорон дар соҳаҳои гуногун, аз қабили илм, технология, инноватсия, маориф ва коҳиши камбизоатӣ табодули афкор намуданд.

Раиси Ҷамъияти мардумии Чин оид ба дӯстӣ бо давлатҳои хориҷӣ Лин Сунтян изҳор дошт, ки баргузории муваффақонаи Форум ба рушди табодули башардӯстона ва ҳамкории мутақобилан судманди давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай аҳамияти бузург дошта, инчунин байни минтақаҳо, бахусус шаҳрҳои дӯст мусоидат менамояд.

Форум ба ҳамбастагӣ ва ҳамкории давлатҳои узви Созмони мазкур ва шарикони муколама мусоидат мекунад, робитаҳоро ғанӣ мегардонад ва густариш медиҳад, барои ҳифзи сулҳ дар сайёра неруи бештари мусбат меорад ва ба бунёди ҷомеаи пешрафта такон мебахшад.

Дар маросими ифтитоҳи Форум Кумитаи Чин оид ба ҳамсоягӣ, дӯстӣ ва ҳамкории Созмони мазкур ёддоштҳои ҳамкорӣ бо чанд маркази калидии ин Созмон ва Роҳи Абрешимро нашр намуд. Ҷамъияти мардумии Чин оид ба дӯстӣ бо давлатҳои хориҷӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ва Узбекистон ёддоштҳои ҳамкорӣ ба имзо расонид.

Ба гуфтаи директори Маркази дӯстӣ ва ҳамкории Созмони ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон Абдухалил Ғафурзода: «Вазифаи умумии мо аз бархӯрди тоза ба рушди минбаъдаи дипломатияи мардумӣ, нақши он дар таҳкими «рӯҳияи Шанхай», тавсеаи равобити фарҳангиву гуманитарӣ, илм, таълим ва ҳамкории тиҷоратӣ иборат мебошад. Форуми мазкур заминаи олӣ барои дарёфти посух ба саволҳое мебошад, ки ҷаҳони рушдёбандаи бисёрқутбӣ дар назди дипломатияи мардумӣ мегузорад».

Дар давоми 22 соли таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай давлатҳои узви он «рӯҳияи Шанхай»-ро устуворона рушд дода, намунаи шакли нави муносибатҳои байналмилалиро ташаккул доданд.

Акс: CGTN

Июнь 16, 2023 15:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Бинобар гармии рекордӣ дар Чин талабот ба неруи барқ ба нуқтаи баландтарин расид
Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд
Гармои шадид дар Испания дар ду моҳи охир сабаби марги 1180 нафар гардид
Бар асари боронҳои мавсимӣ ва обхезии шадид дар Покистон 104 нафар ҳалок гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми марказҳои таҳлилии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Дастовардҳои Тоҷикистон дар Форуми иқтисоди рақамии Созмони ҳамкории Шанхай-2025 муаррифӣ гардид
Бархе аз минтақаҳои Аврупоро гармои шадид фаро гирифт
Гурӯҳи коршиносон ба ҷаласаи шашуми СҲШ оид ба ҳифзи муҳити зист омодагӣ мегирад
Бар асари фаромадани ярч ва обхезӣ дар шимоли Ҳиндустон 51 нафар ҳалок гардид
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чораҳои муҳофизат аз гармии тобистонро пешниҳод менамояд
Гармои шадид дар Аврупо сабаби сӯхтори ҷангалҳо гардид
Беш аз 2 миллиард одамон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд