Дар шаҳри Ваҳдат Фестивал — намоиш ва фурӯши чорвои зотӣ оғоз шуд
ДУШАНБЕ, 03.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, соати 07:00 дар шаҳри Ваҳдат Фестивал — намоиш ва фурӯши чорвои зотӣ оғоз ёфт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати номбурда.
Тавре иттилоъ дода шуд, Фестивал — намоиш ва фурӯши чорвои зотӣ дар Бозори фурӯши чорвои мавзеи Яккатол баргузор карда мешавад.
Дар фестивал-намоиш чорвопарварон аз филиали Муассисаи ҷумҳуриявии зотпарварӣ, хушзоткунӣ, Маркази биотехнологияи чорвои Институти чорводорӣ ва чарогоҳи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Зотпарвар»-и Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии минтақавии ноҳияи Шаҳринав оид ба парвариши зоти гӯсфанди ҳисорӣ иштирок доранд.
Тибқи маълумоти оморӣ, ба ҳолати 1 майи соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 2 миллиону 578 ҳазору 270 ҳазор сар чорвои калон, аз ҷумла 1 миллиону 335 ҳазор модагов, 6 миллиону 569 ҳазор сар гӯсфанду буз ва 85 ҳазор сар асп мавҷуд аст. Дар ин давра 64822 тонна гӯшт ва 258101 тонна шир истеҳсол карда шудааст.
АКС: Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе оид ба нақши занони мақомоти гумрук дар таҳкими арзишҳои миллӣ ва хизмати давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Дурнамои таҳкими ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе баррасӣ гардид
Раванди татбиқи лоиҳаи муштараки «Диёри Душанбе» дар Қатар баррасӣ карда шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Савдои фаромарзии бекоғаз ва ҳамгироии минтақавӣ» баргузор гардид
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»
Дар Бадахшон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 1545 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст
Дар Бадахшон корҳои сохтмонии зеристгоҳи барқии «Шарифобод» оғоз гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 400 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ гардидааст
Дар Тоҷикистон дар беш аз 223 ҳазор гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида мешавад
Соҳибкорон аз Чин бо фаъолияти корхонаҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» шинос шуданд






