Дар Суғд маросими савгандёдкунии наваскарони қисми ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 07.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар яке аз қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд маросими савгандёдкунии навдаъватшавандагон баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Раиси шаҳри Гулистон хабар медиҳад.
Дар маросими мазкур роҳбариятҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, шаҳри Гулистон ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, шахсони масъули қисми низомӣ, волидайни наваскарон, донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Гулистон ва хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр иштирок намуданд.
Маросими савгандёдкунии наваскарон бо пешниҳоди гузориш ва садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, дар фазои тантанавӣ наваскарони қисми ҳарбӣ савганди садоқат ба халқу Ватанро қабул намуданд.
Таъкид карда шуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат дар як давраи ҳассос арзи вуҷуд намуда, дар муддати на чандон тӯлонӣ аз санҷишҳои ҷиддӣ гузашта, такомул ва обутоб ёфтааст. Ҳоло Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамчун неруи тавоно, муҷаҳҳаз ва муташаккил амнияти давлат ва осоиши давлатро таъмин менамояд.
Гуфта шуд ки таҳти сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ташкил ва ба вуҷуд овардани заминаи сиёсиву ҳуқуқии сохтори ҳарбии ҷумҳурӣ муваффақ шудем.
Сипас роҳбарият бо падару модарони наваскарон доир ба шарту шароити хизмати ҳарбӣ дар қисми ҳарбӣ ва аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат доир ба ин соҳа суҳбатҳо доир карда шуд. Волидайн аз вазъи қисми ҳарбӣ дидан намуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ санъаткорони бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барномаи рангини фарҳангиро манзури сарбозону афсарон намуда, ҳамчунин барои онҳо дастархони идона ороста шуд.
АКС: Маркази матбуоти Раиси шаҳри Гулистон








Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд






