Дар Тоҷикистон ҳавои олудаву пур аз чангу ғубор чанд рӯз боқӣ мемонад

Июнь 30, 2023 12:06

ДУШАНБЕ, 30.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии мамлакат, аз 30 июн то 2 июли соли 2023 дар ҳудуди вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ хокбориш идома хоҳад ёфт. 3-4 июли соли равон дар қаламрави вилояти Хатлон ва навоҳии тобеи ҷумҳурӣ вазиши шамоли шадид дар назар дошта шудааст. Дар ин рӯзҳо дар минтақаҳои мазкур шамол бо суръати 13-18 метр дар як сония хоҳад вазид. Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи меҳмонон ва сокинони мамлакат мерасонад, ки дар чунин рӯзҳо дучанд эҳтиёт намоянд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ хабар медиҳад, то 5 июл дар як қатор ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва баъзе ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бар асари об шудани пиряхҳо омадани сел эҳтимол дорад.

Ҳамзамон то 5 июл дар қаламрави вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ бар асари омилҳои метеорологӣ (чангу хок) олудагии ҳаво бо моддаҳои беруна, ҳиссачаҳо, ки 10 мкм (Rm-10) ва 2,5 мкм (Rm-2,5)-ро ташкил хоҳад дод, дар назар аст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании мамлакат аз аҳолӣ хоҳиш менамояд, ки дар чунин рӯзҳо эҳтиёткор бошанд, ҷӯву каналҳо ва селроҳаҳоро сари вақт тоза намоянд.

АКС аз бойгонӣ

Июнь 30, 2023 12:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Аз 9 то 13 июл дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа паст мешавад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
Огоҳӣ! Дар Тоҷикистон ҳавои гарму хушк пешгӯӣ мешавад