ФУТБОЛ. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Тайланд бозии дӯстона анҷом медиҳад

Июнь 9, 2023 18:05

ДУШАНБЕ, 09.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол дар доираи омодагӣ ба қисми финалии Ҷоми Осиё-2023 бо ҳамсолони худ аз Тайланд 10 июн дар маҷмааи варзишии «Alpine Football Camp» дар Бангкок бозии дӯстона анҷом медиҳад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Бояд таъкид намуд, ки дар Ҷоми Осиё-2023 байни наврасон, ки аз 15 июн то 2 июл дар Таиланд баргузор мешавад, мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои Чин (16 июн), Арабистони Саудӣ (19 июн) ва Австралия (22 июн) бозӣ мекунад. Дастаи мо ду вохӯрии аввали марҳилаи гурӯҳиро дар Чонбури ва бозии даври охиринро дар Бангкок мегузаронад.

Бозии дӯстона
10 июн (шанбе)

Оғоз – соати 17:00 ба вақти Душанбе

Таиланд (U-17) – ТОҶИКИСТОН (U-17)

Бангкок, маҷмааи варзишии «Alpine Football Camp»

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Июнь 9, 2023 18:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд