«ГЕОЛОГҲОИ ҶАВОН». Дастаи «Кристал» бо гирифтани ҷойи якум дар Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ба Тотористон меравад

Июнь 26, 2023 13:06

ДУШАНБЕ, 26.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Варзоб бахшида ба Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф Олимпиадаи нуҳуми ҷумҳуриявии «Геологҳои ҷавон» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Иштирокчиёни мусобиқаҳо — ҳафт дастаи геологҳои ҷавон аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳрҳои Душанбе, Гулистон, Панҷакент, ноҳияҳои Рӯдакию Ваҳдат байни худ сабқат намуда, дастаи “Кристал” ба гирифтани ҷойи якум ноил шуда, “Помир” сазовори ҷойи дуюм гардида, “Сирдарё” аз шаҳри Гулистон ҷойи сеюмро соҳиб шуд.

Ғолибон бо “Диплом” ва иштироккунандагони фаъол бо “Сипоснома”-и Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Аз байни иштирокчиёни ҳафт даста, ки шумораи онҳо 50 нафарро ташкил медод, 8 нафар беҳтаринҳо интихоб ва ба Олимпиадаи XIV геологҳои ҷавони Русия, ки аз 27 июл то 7 августи соли 2023 дар шаҳри Алметевски Ҷумҳурии Тотористон баргузор мегардад, роҳхат гирифтанд.

Дар оғози олимпиадаи ҷумҳуриявӣ таъкид гардид, ки Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ аз 26 декабри соли 2019 супориш дода буданд, ки «ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020 -2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардад».

Бо ин мақсад Саридораи геология тасмим гирифтааст, ки Олимпиадаи «Геологҳои ҷавон»-ро баргузор намояд. Ҳадафи асосии баргузор намудани чорабинии мазкур муҳайё намудани муҳити мусоид ба интихоби касбу кори оянда барои наврасону ҷавонон, баланд бардоштани завқи мактаббачагон ба омӯхтани илмҳои табиатшиносӣ, ошкор ва дастгирӣ намудани кӯдакони боистеъдод мебошад.

Аз омӯзиши самараноки илмҳои муосир, бахусус илмҳои дақиқ, насли созанда, соҳиби тафаккури солим ба воя расида, дар оянда ба рушди босуботи иқтисодии мамлакат саҳмгузор мегардад.

Олимпиадаи мазкур дар ду сол як маротиба, дар қаламрави ҷумҳурӣ доир мегардад, ки ба он хонандагони синфҳои 8, 9 ва 10 – и мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳо, ки ба омўзиши илми соҳаи геология шавқу рағбати бештар доранд, ҷалб мешаванд. Мусобиқа ва озмунҳо вобаста ба илми геология дар ҳузури ҳайати ҳакамон, ки аз ҳисоби олимону коршиносони соҳа таъсис ёфтааст, гузаронида мешаванд.

Толибилмон дар ин чорабинӣ маҳорату истеъдоди худро дар доираи шартҳои озмунҳо, ба монанди ҷавоб ба саволнома, интихоби бошишгоҳи саҳроӣ ва васл кардани хаймаи геологӣ, донистани қоидаҳои техникаи бехатарӣ, ташхиси минералҳо ва ҷинсҳои кўҳӣ, гидрогеология, палеонтология, нафту газ, хатсайри геологӣ, инчунин озмунҳо ва ҳимояи ҳисоботи геологӣ нишон доданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 26, 2023 13:06

Хабарҳои дигари ин бахш

КИШТИ БАҲОРӢ. Моҳи март дар Тоҷикистон кишти сабзавот оғоз мегардад
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба дастгирии экосистемаи стартапҳо дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд
«Moody’s Ratings»: Рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистон ба дараҷаи «B2» бо дурнамои «устувор» баланд бардошта шуд
Самтҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар Хадамоти гумрук тавзеҳ дода шуданд
‎‎Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Покистон дурнамои рушди ҳамкориро дар соҳаи энергетика баррасӣ намуданд
Сардори Хадамоти алоқа дар Конгресси ҷаҳонии мобилӣ дар Испания иштирок намуд
Ҷаласаи ёздаҳуми Шурои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои Роғун, Ваҳдат, Файзобод ва Варзоб муаррифӣ карда шуд
Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамкориро дар соҳаи саноати нассоҷӣ тақвият медиҳанд
Дар Вазорати молияи Тоҷикистон татбиқи лоиҳаҳои нақлиёту энергетика баррасӣ гардид