«КОРВОНИ ЗИДДИМУХАДДИРОТӢ — 2023». Дар Кӯлоб зимни баргузории ин чорабинӣ наврасонро аз оқибати фоҷеабори истифодаи маводи нашъаовар огоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 08.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Чорабинии «Корвони зиддимухаддиротӣ-2023», ки бо ташаббуси Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст, 7 июни соли равон кори худро дар шаҳри Кӯлоб идома дод, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб.
Тибқи нақшаи чорабинии мазкур, мусобиқаи варзишӣ оид ба гўштини тарзи озод, ки тайи 2 рӯз байни варзишгарони муассисаҳои варзишии шаҳри Кӯлоб дар вазнҳои гуногун доир карда шуд, ҷамъбаст гардид.
Ҳамин тариқ, бо натиҷагирӣ аз мусобиқа ғолибон бо ҷоиза, Сипоснома ва туҳфаҳои арзишманд аз ҷониби ташкилкунандагон қадрдонӣ карда шуданд.
Баҳри болидарўҳии иштирокдорон барномаи консертии бахши фарҳанги шаҳри Кӯлоб пешниҳод гардид.
Чорабинии мазкур дар Маркази ҷавонони шаҳр бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кумита ва идораҳои дахлдор, устодону хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва варзишгарони шаҳр доир гашт.
Муовини раиси шаҳри Кӯлоб Орзу Ҳамидиён иброз дошт, ки шуғл варзидан ба варзиш воситаи беҳтарини эмин мондани наврасону ҷавонон аз ҳар гуна падидаҳои номатлуб, аз ҷумла нашъамандӣ мебошад.
«Имрўзҳо дар мамлакат, аз ҷумла дар шаҳри Кӯлоб беҳтарин муассиса ва майдончаҳои варзишӣ дар хизмати сокинон қарор доранд. Наврасонро зарур аст, ки аз ин шароити фароҳамшуда самаранок истифода бурда, вақти худро босамар гузаронанд. Ҳам ба саломатии худ фоида биёранд ва ҳам бо натиҷаҳои хуби варзишӣ шарафи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ боло баранд»,- афзуд номбурда.
Намояндаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд, ки ҳадафи асосии чорабинии мазкур огоҳонидани сокинон, бахусус ҷавонону наврасони ҷумҳурӣ аз падидаҳои номатлуб, алалхусус нашъамандӣ, ҷалб намудани онҳо ба варзиш, баланд бардоштани маълумотнокии аҳолӣ оид ба зарару оқибати фоҷеабори истифодаи маводи нашъаовар дар ҷомеа мебошад.
Дар чорабинӣ таъкид гардид, ки таъсири манфии ин падидаи номатлуб метавонад ба тамоми табақаи ҷомеа зарар расонад, аз ин рӯ дар якҷоягӣ бо дигар мақомоти марбута ҳамкории самараноки худро дар самти пешгириии нашъамандӣ ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар боз ҳам тақвият бахшидан зарур мебошад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб








«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад






