Моҳи июн Фестивали ҷумҳуриявии атласу адрас ва намоишу фурӯши он баргузор мегардад

Июнь 4, 2023 14:27

ДУШАНБЕ, 04.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Якшанбеи дуюми моҳи июн дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе баргузории Фестивали ҷумҳуриявии атласу адрас ва намоишу фурӯши он дар назар дошта шудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Масъулини баргузории ин фестивал вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, фарҳанг, кумитаҳои кор бо занон ва оила, рушди сайёҳӣ, телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, Палатаи савдо ва саноат, Иттифоқи ҳунармандон, Иттифоқи «Тоҷикматлубот», мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат мебошанд.

Бояд гуфт, ки имрӯзҳо дар корхонаи ҶДММ «Атласи Хуҷанд» зиёда аз 50 намуди атлас ва 30 намуди адрас истеҳсол мешавад, ки машҳуртарини онҳо «Баҳори Тоҷикистон», «Ҷавонӣ», «Туҳфа», «Тӯёна», «Муҳаббат», «Тирукамон», «Гулханд», «Хосиятхон» ва дигарҳо номгузорӣ шудаанд.

Мавриди тазаккур аст, ки атласу адрас маҳсули меҳнати дастӣ, чун воситаи муҳими эстетикию ороишӣ, зебоипарастӣ ва завқи бадеии мардум бо зиндагӣ робитаи ногусастанӣ дорад. Мардуми тоҷик дар Шоҳроҳи Абрешим аз Шарқ то ба Ғарб давоми ҳазорсолаҳо бо матоъҳои атласу адраси худ маъруф буд. Матоъҳои нафису тааҷҷубовар ва нақшу нигори офаридаи миллати тоҷик дар бозорҳои мамолики Шарқу Ғарб ҳамеша серхаридор буд.

Тарзи тайёркунӣ ва истеҳсоли матоъҳои атласу адрас басо куҳан буда, пайдоиши ин матоъҳо аз анъанаҳои бофандагии халқи тоҷик сарчашма мегирад. Матоъҳои атласу адрас рангаю сернақшу нигор буда, аз рӯзи пайдоиш то замони муосир мавқеи хоси худро гум накардаанд ва байни газворҳои дигар матои атлас ҳамчун «шоҳи матоъҳо» эътироф гардидааст.

АКС аз бойгонӣ

Июнь 4, 2023 14:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид