ҶОМИ ОСИЁ-2023. Имрӯз мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Австралия бозӣ менамояд

Июнь 22, 2023 12:06

ДУШАНБЕ, 22.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Ҷоми Осиё-2023 оид ба футбол байни дастаҳои наврасони то 17-сола, ки дар Таиланд ҷараён дорад, имрӯз, 22 июн бозиҳои даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳӣ дар чаҳоргонаҳои «В» ва «С» баргузор мешаванд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол дар даври сеюми мусобиқоти чемпионати Осиё бо мунтахаби Австралия бозӣ менамояд. Барои роҳ ёфтан ба даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 мунтахаби моро дар бозии мазкур танҳо пирӯзӣ лозим аст.

Ин рақобат дар варзишгоҳи «Раҷамангала»-и Бангкок баргузор шуда, соати 17:00 ба вақти маҳаллӣ (15:00 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.

Ҷоми Осиё-2023 байни дастаҳои наврасон (U-17)

Гурӯҳи «С». Даври 3

22 июн (панҷшанбе)

Оғоз – соати 15:00 ба вақти Душанбе

ТОҶИКИСТОН – Австралия

Бангкок, Варзишгоҳи «Раҷамангала»

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Июнь 22, 2023 12:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Турсунзода курсҳои ФИФА барои доварони Тоҷикистон оғоз шуданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) омодагиҳоро ба Ҷоми ҷаҳон-2025 оғоз кард
Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи маркетинг баргузор шуд
Тоҷикистонро дар мусобиқаи «Ulaanbaatar Grand Slam-2025» оид ба гӯштини ҷудо 12 варзишгар муаррифӣ мекунад
Дар шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс байни калонсолон оғоз гардид
Сомон Турсунзода барандаи медали нуқраи Чемпионати Аврупо оид ба ҷудо байни наврасон гардид
Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ ҷамъбаст гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид
Мусобиқаҳои варзишӣ оид ба футболи хурд ва шоҳмоту шашка байни кормандони вазорату идораҳо ҷамъбаст шуд
ФУТБОЛ. Мунтахаби Тоҷикистон «CAFA Nations Cup 2025»-ро бо бозӣ муқобили Малайзия оғоз менамояд
Дастаи Академияи футболи ФФТ дар Мусобиқаи «Ҷоми Қошғар» сазовори ҷои дуюм гардид
Дар Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ (CAVA) оғоз гардид