ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар Хатлон масъулин вазифадор гардидаанд, ки то 1 октябр корҳоро дар ин самт ба анҷом расонанд

Июнь 8, 2023 08:32

ДУШАНБЕ, 08.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. 7 июн дар шаҳри Бохтар ҷаласаи ситоди вилоятӣ оид ба омодагии соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии вилоят барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 доир гардид. Дар ситод нахуст бо назардошти камбудии давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 таъкид шуд, ки дар баробари иҷрои нақшаи чорабиниҳо масъулин бояд хавфи эҳтимолро низ ба инобат гирифта, тадбирҳои иловагӣ андешанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон.

Дар ҷаласа нақшаи дохили идоравии Раёсати маорифи вилояти Хатлон баррасӣ гардид. Иттилоъ дода шуд, ки дар соҳаи маорифи вилоят айни замон 544 тонна бақияи ангишт, 725 метри куби ҳезум ва миқдори муайян сўзишвории дизелӣ боқӣ мондааст.

Бо мақсади саривақт таъмин намудани нақшаи захираи ангишт ба масъулин дастур дода шуд, ки бояд бо корхонаҳои истихроҷи ин сўзишворӣ бевосита шартнома ба имзо расонанд.

Таъкид гардид, ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят аз ҳоло ба корҳои таъмир, шишабандӣ, ба кор омода кардани иншооти гармидиҳӣ, дўхти сару либоси ягонаи мактабӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, аз эътибор соқит кардани дегхонаҳое, ки аз солҳои пешин дар тавозуни муассисаҳои таълимӣ қарор доранду дар вазъи корношоямӣ ҳастанд, корбарӣ карда шавад.

Дар ҷаласа масъулини соҳаи тандурустӣ ва фарҳанги вилоят низ оид ба нақшаи захираи сўзишворӣ барои давраи тирамоҳу зимистони имсола маълумот доданд.

Гуфта шуд, ки дар соҳаи тандурустӣ аз 29 дегхона 13 адади он дар ҳолати корӣ қарор дошта, дар ҳар як муассисаи тибби тибқи нақшаи чорабинӣ то муҳлати пешбинишуда корҳо дар сатҳи зарурӣ анҷом дода мешаванд.

Дар соҳаи фарҳанг шахсони масъул вазифадор гардиданд, ки фаъолияти китобхонаҳо ва дигар иншооти соҳаро зери назорати ҷиддӣ қарор дода, мушкилоти ҷойдоштаро пурра бартараф намоянд.

Муовини раиси вилояти Хатлон Заробиддин Файзуллозода ба роҳбарияти хадамоти давлатии оташнишонӣ, шабакаҳои барқ, идораи роҳҳо, хоҷагии манзилию каммуналӣ ва дигар мақомоти дахлдор дастур дод, ки корҳои санҷишӣ, таъмиру навсозӣ ва омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024-ро тибқи талабот анҷом дода, фаъолияти корхонаҳои коркарди пахта дар шаҳру ноҳияҳои вилоят барои қабули ашёи хоми имсола пурра аз назорат ва санҷиши техникӣ гузаронида шавад.

Гуфта шуд, ки то 1 октябри соли равон дар тамоми соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои вилоят бояд корҳои омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистон дар сатҳи лозима анҷом дода шавад. Дар соҳаи кишоварзӣ низ бояд ба масъалаи захираи тухмӣ, беталаф ғундоштани ҳосил, омодагӣ ба кишти тирамоҳӣ, зағираи хўроки чорво, таъмири кашарҳо аз ҳоло аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир карда шавад.

Кормандони воситаҳои ахбори оммаи вилоят вазифадор гардиданд, ки дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо ва ташкилоту муассиса ҷараёни корҳои омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024-ро ба таври муназзам инъикос намоянд.

Муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони ташкилоту муасисаҳои вилоятӣ ва масъулини ситоди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ низ бояд бо доир намудани чунин чорабиниҳо корҳои дар нақша пешбинишударо барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистон мавриди таваҷҷуҳи қарор дода, аз натиҷаи корҳо ба ситоди вилояти ахбороти муфассал пешниҳод намоянд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Июнь 8, 2023 08:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» табибони Тоҷикистон ва Эрон амалиёти мураккаби ҷарроҳӣ анҷом доданд
Моҳи май Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи намунавӣ» дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст мегардад
Дар шаҳри Исфара сел талафот ва харобӣ ба амал наовардааст
Бахшида ба оғози Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» ҳамоиш доир гардид
Дар ноҳияи Рӯшон барои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ машқи мукаммал гузаронида шуд
ДАЪВАТИ ҶАВОНОН БА ОМӮЗИШИ ИЛМ ВА КАСБУ ҲУНАР. Дар ноҳияи Муъминобод оид ба ин мавзуъ вохӯриҳо доир мешаванд
Маъракаҳои пурдабдаба, хароҷоти беҳуда ва хурофотпарастӣ ба сатҳи зиндагонии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад
Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи Қазоқистон расонида шуд
Ба сокинони деҳаҳои Кӯли Калон ва Нушори поёни ноҳияи Тоҷикобод 2 техника бо арзиши 850 ҳазор сомонӣ кумак карда шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Қонун меҳвари фаъолият, зиндагӣ ва мавҷудияти минбаъдаи сокинони мамлакат бошад
«Душанбе пешрафта ва сарсабз мешавад», -бардошт аз ҳамоиш дар Маркази тадқиқоти стратегӣ