Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Дар муҳити сулҳу оромӣ таҷлил гардидани ҷашнҳои милливу давлатӣ самараи истиқлолу озодӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад»

Июнь 28, 2023 08:59

ДУШАНБЕ, 28.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Иди Қурбон таъкид гардидааст, ки  дар шароит ва муҳити сулҳу оромӣ озодона таҷлил гардидани ҷашнҳои милливу давлатӣ ва ба ҷо овардани ойину анъанаҳои динӣ самараи истиқлолу озодӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад ва бо назардошти вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳон  мардуми шарафмани тоҷикро  даъват намуданд, ки бояд аз ин неъмати бузург сидқан шукргузор бошем.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз фазилатҳои Иди Қурбон ёдовар шуда, мардуми Тоҷикистонро ба эҳсону накӯкорӣ, аз ҷумла ҳусни муошират бо аҳли хонадон, муҳаббат ба наздикону пайвандон, муомилаи нек бо ҳамсоягон, мурувват ба дӯстону ҳамкорон, раҳму шафқат ба ятимону маъюбон, ёриву ғамхорӣ ба дармондагону ниёзмандон ва дуову фотиҳа дар ҳаққи гузаштагон ҳидоят намуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  махсусан дастгирии оилаҳои камбизоат, ятимону маъюбон ва беморону ниёзмандонро  аз анъанаҳои неки Иди Қурбон арзёбӣ намуда, сарфаю сариштакориро аз хислатҳои ҳамидаи инсонӣ номидаанд.

Тавре дар Паёми шодбошии Сарвари давлат омадааст: «Анъанаи қурбонӣ кардани чорво аз ҷониби онҳое, ки имконияти мусоиди иқтисодӣ дошта, дар таъмини аҳли оилаашон мушкилие вуҷуд надоранд ва он ҳам ба хотири дастгирии эҳтиёҷмандон дар байни мардуми мо роиҷ аст. Вале бояд гуфт, ки анҷом додани қурбонӣ аз қудрату тавони ҳар як шахс вобаста мебошад. Яъне қурбонӣ кардан ба дӯши ҳама ҳатмӣ нест ва ин амалро танҳо онҳое метавонанд анҷом диҳанд, ки аҳли оила ва фарзандони онҳо аз ҳар лиҳоз таъминанд ва танқисиву мушкилие надоранд. Ба ибораи дигар, зарур аст, ки корҳои хайр ва амалҳои эътиқодӣ дуруст ва танҳо дар доираи имкон иҷро карда шаванд».   

 АКС аз бойгонӣ

Июнь 28, 2023 08:59

Хабарҳои дигари ин бахш

ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид