Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Мавлоно бо қудрати сухан ва нубуғи эҷодиаш ба ҷаҳониён собит сохтааст, ки тоҷикон воқеан миллати куҳанбунёд, бофарҳанг ва соҳибмаърифат мебошанд»

Июнь 7, 2023 18:18

ДУШАНБЕ, 07.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, 24 майи соли равон «Куллиёти Мавлоно» ҳамчун мероси ҳуҷҷатӣ расман ба Феҳристи Хотироти ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид. Ба ин муносибат АМИТ «Ховар» аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба «Соли Румӣ» (ба муносибати 800-солагии Мавлоно аз ҷониби ЮНЕСКО эълон гардида буд), ки 8 сентябри соли 2007 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, чанд иқтибос меорад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин суханронӣ иброз доштанд, ки «шахсияти Мавлоно боиси ифтихор ва сарфарозии мо — тоҷикон ва тамоми башарият аст. Ӯ аслан зодаи Вахшонзамини имрӯза буда, бо қудрати сухан ва нубуғи эҷодиаш ба ҷаҳониён собит сохтааст, ки тоҷикон воқеан миллати куҳанбунёд, бофарҳанг ва соҳибмаърифатанд ва дар эҷоди осори адабиву илмӣ ва фалсафию ирфонӣ дасти тавоно доранд».

Пешвои миллат дар ин суханронӣ ҳамчунин иброз доштанд, ки «назми оламгир, афкору андешаи бунёдӣ ва фалсафаи инсондӯстонаи ин орифи бузург дар Шарқу Ғарб маъруф гашта, мардум дар саросари олам осори ӯро меписанданд ва мутолиа мекунанд. Ӯ масъалаҳои умдаи умумибашарӣ, фарҳанги инсондӯстӣ ва дигар паҳлуҳои муҳими ҳаётро чунон дурандешонаву воқеъбинона тафсиру баён кардааст, ки имрӯз низ ҷавобгӯи ниёзу ормонҳои ҷаҳони муосир мебошад. Асарҳои гаронбаҳои Мавлоно — «Маснавии маънавӣ», «Девони кабир», «Фиҳи мо фиҳи», «Мавоизи маҷолиси саъба» ва «Мактубот» падидаҳои нотакрор ва саршор аз арзишҳои тоҷиконаи мардуми Хуросони Бузург мебошанд».

Сарвари давлат таъкид намуданд, ки каломи басо дилчаспу содаи Мавлоно баъди гузашти зиёда аз 800 сол имрӯз низ барои ҳар пиру ҷавони тоҷик фаҳмову дастрас буда, ҳамчунин аксари мардуми оламро сарфи назар аз эътиқод ва дину оинҳои мухталифи онҳо мафтун гардонидааст.

«Зиндагии Мавлоно ва густариши равияи мавлавия ба пуштибонии салтанати Салҷуқиёни Рум алоқаманд аст, ки дар Осиёи Хурд ҳукмронӣ мекарданд. Азбаски солҳои зиёди умр, авҷи таълиму тадрис, фаъолияти илмиву эҷодӣ ва манзили охирати Ҷалолиддини Балхӣ бо ватани дуюми ӯ — шаҳри Қунияи Рум, яъне қаламрави Туркияи имрӯза вобаста мебошад, ӯ бо номҳои Ҷалолуддини Румӣ, Мавлоно, Мавлавӣ ва Мавлои Рум шӯҳрат пайдо кардааст.
Ногуфта намонад, ки забони коргузорӣ ва илму адаби давлати Салҷуқиёни Рум — забони тоҷикӣ буд ва ба шарофати чунин фазои мусоиди фарҳангӣ барои инкишофи илму ирфон, ҳикмату фалсафа ва шеъру адаби аҳли Хуросони Бузург ва сарзамини Эрон шароити созгор фароҳам омада буд»,-тазаккур доданд Президенти мамлакат.

Пешвои миллат хотирнишон сохтанд, ки «Мавлонои Балхӣ бо намояндагони қавму миллатҳо ва дину мазҳабҳои гуногун бо забонҳои тоҷикӣ, арабӣ ва туркӣ озодона сухан мегуфт. Дар баробари ин, ҳамдиливу ҳамдигарфаҳмӣ аз назари ӯ асоси таъминкунандаи осоиши башар будааст:

Пас забони маҳрамӣ худ дигар аст,
Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст.

Ӯ дар таълимоти худ масъалаи баробарии дину мазҳабҳои гуногун ва дар ин поя андешаи таҳаммулпазирии динӣ, мазҳабӣ ва қавмиро ба миён гузоштаааст, ки имрӯз ҳамсадои робитаи мусолиматомези фарҳангҳо ва гуфтугӯи тамаддунҳост».

Сарвари давлат таъкид намуданд, ки «мо — тоҷикон дар қатори дигар миллатҳои мутамаддини олам осори ин пири хирадро меомӯзем, ташвиқ месозем ва бо он ифтихор менамоем.Дар Ватани азизи мо — Тоҷикистон ӯ маҳбуби қалбҳо ва азизи ҳар хонадон аст ва шоҳкории безаволи ӯ — «Маснавии маънавӣ» ҳамчун баёни Қуръони карим бо забони шаккарини тоҷикӣ шинохта шудааст».

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон Мавлоно ва осори оламшумули ӯро бахше аз мероси фарҳангӣ ва миллии худ мешуморанд. Дар арафаи гиромидошти 800-солагии Мавлоно, ки соли 2007 дар Тоҷикистон бо қарори ЮНЕСКО дар сатҳи баланд таҷлил гардид, яке аз ноҳияҳои ҷануби Тоҷикистон — собиқ Колхозобод, ки дар водии Вахш доман густурдааст, ба номи Ҷалолуддини Балхӣ иваз гардид. Дар маркази ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ муҷассамаи шоир ва мутафаккири бузург гузошта шуд.

Хотиррасон мешавем, ки ҳамасола 30 сентябр дар мамлакат Рӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ бо баргузории симпозиум, конфронс, ҳамоиш ва маҳфилҳои илмию адабӣ ҷашн гирифта мешавад.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС: манбаъҳои боз

Июнь 7, 2023 18:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷамшед Нурмаҳмадзода: «Омори боэътимод заминаи муҳими банақшагирӣ, пешрафт ва қабули қарорҳои дуруст ба манфиати ҷомеа аст»
ТОҶИКИСТОН ВА СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. Саҳми давлати мо дар таҳкими ҳамкории гуногунҷанба ва баланд бардоштани нуфузи созмон назаррас аст
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Аз 11550 хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 8488 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд
СОҲИБКОРИИ ИСТЕҲСОЛИИ ИННОВАТСИОНӢ. Дар ҳошияи мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сармоягузорону соҳибкорони Тоҷикистон
МАҶМААИ САЙËҲИЮ ИСТИРОҲАТИИ «ЧОРЧАМАН». Маконе, ки чашм аз тамошои он серӣ надорад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
ИМРӮЗ–РӮЗИ КИНОИ ТОҶИК. Аз соли 1991 то соли 2025 дар маҷмуъ 313 филм ба навор гирифта шудааст
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Коҳиши пиряхҳои ҳавзаи Зарафшон метавонад ба амнияти экологии Осиёи Марказӣ таъсир расонад
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАНОНИ ДЕҲОТ. Дар Тоҷикистон беш аз 3 миллион занон дар деҳот зиндагӣ менамоянд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КИШОВАРЗОН. Ин соҳа зиёда аз 61 фоизи аҳолиро бо ҷойи кор фаро гирифтааст