Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Мулоқоти дуюми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 02.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. 2 июни соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Чолпон-Атаи Ҷумҳурии Қирғизистон дар Мулоқоти дуюми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо иштирок намуданд.
Зимни нишаст роҷеъ ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо, инчунин оид ба рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор анҷом дода шуд.
Ҷонибҳо ҳамчунин дар робита ба масоили таҳкими амнияти минтақавӣ дар пасманзари хатару таҳдидҳои муосир, аз ҷумла вазъи кунунии Афғонистон табодули андеша намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистонро перомуни ҳамкории шашҷониба дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, фарҳангӣ ва башардӯстона, инчунин дигар соҳаҳо иброз намуданд. Зарурати тақвияти ҳамкории давлатҳои минтақа бо Иттиҳоди Аврупо дар соҳаҳои амнияти озуқаворӣ, кишоварзӣ, нақлиёт, логистика, гидроэнергетика, энергияи сабз ва рақамикунонӣ таъкид шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин масоили мубрами тағйирёбии иқлим, аз ҷумла обшавии пиряхҳоро матраҳ намуданд. Сарвари давлати мо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо барои ҷонибдорӣ аз ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар соҳаи об ва тағйири иқлим арзи сипос намуданд.
Аз натиҷаи нишасти дуюми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Президенти Иттиҳоди Аврупо изҳороти муштараки матбуотӣ қабул гардид.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам То Лам барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли СААД Таалатбек Масадиқовро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд






