Сӯхтор 30 ҳазор гектар ҷангалзори Қазоқистонро фаро гирифтааст

Июнь 10, 2023 14:03

ДУШАНБЕ, 10.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Вазири ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон Юрий Илин дастур додааст, ки неруҳои иловагӣ аз ҳисоби хизматчиёни ҳарбӣ аз вилоятҳои Қарағанда ва Алмато барои хомӯш кардани оташ ба ҷангалзори вилояти Абай фиристода шаванд, хабар додааст Агентии байналмилалии иттилоотии «Казинформ» бо такя ба маркази матбуотии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи ин мамлакат.

Айни ҳол сӯхторнишонон дар се минтақаи вилояти Абай барои хомӯш кардани оташ талош доранд. Ҳамчунин ба ин минтақа неруҳои иловагӣ низ фиристода шудаанд.

Иттилоъ дода мешавад, ки дар натиҷаи ин сӯхтор 3 корманди хоҷагии ҷангал ба ҳалокат расида, ҷустуҷӯи 11 нафари онҳо идома дорад.  316 нафар ба ҷойи бехавф кӯчонида шуданд.

Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев бинобар сар задани сӯхтор дар ҷангалзор сафари расмии худро ба Ветнам ба таъхир гузошт.

АКС: Агентии байналмилалии иттилоотии «Казинформ»

Июнь 10, 2023 14:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол» таътили тобистонаи хонандагон хотирмон мегузарад
Дар ноҳияи Деваштич ҳамоиши гирандагони Стипендияи президентӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон дар беш аз 27 ҳазор гектар ҷуворимакка барои дон кишт гардидааст
Имрӯз ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Фестивали хӯрокҳои милллии Покистон баргузор мегардад
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ба муносибати Истиқлолияти Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Заминҳои назди бинои муассисаву идораҳои шаҳри Норак самаранок истифода мешаванд
Дар «Чиларча»-и Ҷамоати деҳоти Саразм 300 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Истироҳат дар Суғд – бо алоқаи боэътимод
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавӣ таҳти унвони «Наҷоти сайёр» дар Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ оғоз шуд