Сайёҳон ба тамошои Осорхонаи таърихии ноҳияи Темурмалик мароқ зоҳир менамоянд

Июнь 18, 2023 15:24

ТЕМУРМАЛИК, 18.06.2023. / АМИТ «Ховар»/. Ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон, ки дар замони соҳибистиқлолии мамлакат бо бунёди инфрасохтори муосир тарҳи худро беҳбуд бахшидааст, дар ин баробар бо мавҷудияти мавзеъҳои таърихӣ, аз ҷумла Чилтан, Мақбараи Хоҷи Ҳусайни Хатлонӣ, ёдгории таърихии Қунғуртут мавриди таваҷҷуҳи сокинону сайёҳон қарор гирифтааст, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».

Тавре сармутахассиси шуъбаи фарҳанги ноҳияи мазкур Ҷалолиддин Сафарзод изҳор дошт, дар гузашта дар ҳар кӯчаи ноҳия ҳунармандон, аз ҷумла чармагарону кўлолгарон ва чўбтарошону амсоли онҳо кору зиндагӣ мекарданд ва ҳар кӯча бо номи ҳунарамандонаш муаррифӣ мешуд, ки намунаи ҳунари ин мардум дар Осорхонаи таърихии ноҳия ба номи Бобоюнус Худойдодзода гирд оварда шуда, тамошогаҳи сайёҳони хориҷӣ низ гаштааст.

Илова бар ин, яке аз ҷойҳои маъмулу баландарзиши осорхонаро гўшаи тангашиносӣ ташкил медиҳад, ки мутаалиқ ба замони Темуриёну Сомониён мебошад.

Маҷмуан дар Осорхонаи ба номи Бобоюнус Худойдодзода 536 нигора маҳфуз мебошад, ки ҳамагӣ дар натиҷаи бозёфти бостоншиносон аз гўшаҳои гуногуни ноҳияи Темурмалик ҷамъ оварда шудаанд.

Таъсиси Осорхонаи мазкур баҳри муаррифии таъриху тамаддуни қадимаи мардуми тоҷик дар ин гўшаи Тоҷикистон ба меҳмонону сайёҳон мусоидат менамояд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 18, 2023 15:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ширкати нидерландии EISIVIER баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Резервати биосферии «Ромит» ба макони писандидаи сайёҳон табдил ёфтааст
ИМКОНОТИ САЙЁҲӢ ДАР ЗАМИНАИ АРЗИШҲОИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ. Назаре ба муаррифии маконҳои сайёҳӣ
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил карда шуд
Масато Канда бо имконоти таълимӣ ва инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin 2026» муаррифӣ мегардад
Дар Машҳад имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ховалинг – минтақаи сайёҳӣ. Соли 2025 ёдгориҳои таърихиву фарҳангии ноҳияро 73 ҳазору 90 сайёҳ тамошо кардааст
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад