Шарҳи матбуоти даврӣ аз АМИТ «Ховар»

Июнь 22, 2023 17:00

ДУШАНБЕ, 22.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. «Матбуоти тоҷик, сарфи назар аз шакли моликият, дар даврони истиқлол тадриҷан рушду такомул ёфта, имрӯз ба Тоҷикистон ва мардуми он софдилона ва содиқона хизмат менамояд. Дар замони соҳибистиқлолӣ дар мамлакати мо барои пешрафт ва фаъолияти озодонаи воситаҳои ахбори омма тамоми заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудаанд ва пайваста такмил дода мешаванд» — иқтибос аз суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 100-солагии матбуоти тоҷик, ки 10 марти соли 2012 баргузор шуда буд.

Омӯзгор намерасад. Чӣ бояд кард?

Шумораи навбатии нашрияи расмии мамлакат «Ҷумҳурият» аз 19 июни соли ҷорӣ бо сарлавҳаи «Фархор. Бемасъулиятии масъулон ёдгориҳои таърихиро аз байн мебарад!» мақолаи танқидӣ нашр кардааст.

Муаллиф аз ҷумла навиштааст: «Чанде аз ёдгориҳои таърихиву фарҳангии ноҳия шомили Феҳристи мероси фарҳанги башарии ЮНЕСКО бошанд ҳам, мутаассифона, қисме аз онҳо сол ба сол харобу валангор гашта, баъзеашон ба коми адам мераванд. Чунончи, аз 56 ёдгории таърихии дар ҳудуди ноҳияи Фархор қайдшуда танҳо харобаҳои ночиз боқӣ мондаст. Аз ҷумла, бостоншиносон зимни ҳафриёт дақиқ кардаанд, ки ҳудуди ёдгории Золи Зар 60-70 гектарро ишғол мекард, ки ҳамагӣ 6-7 гектари он боқӣ мондааст. Ҳамин масоҳати кам низ ба гӯристон табдил ёфта, як қисми дигари он заминҳои кишту чарогоҳ шуда…».

Дар идомаи мақола омадааст, ки аз соли 1993 дар ёдгории Золи Зар, Майдапатта, Макони Морон, Чилтанҷон, Шаҳртеппа, Шӯртеппа ковишҳои бостоншиносӣ гузаронда мешаванд. Олимони Русия, Италия, Фаронса, Олмон дар ин мавзеъҳо таҳқиқот бурдаанд. 700 нигораи нодире, ки ҳоло дар осорхонаи ноҳия нигоҳ дошта мешаванд, маҳсули ковишҳои солҳои тулонист.

Бостоншиносон ба ин назаранд, ки Фархор таърихи беш аз панҷҳазорсола дорад ва дар ҳудуди он шаҳри қадимае ниҳон аст, ки ҳанӯз ба пуррагӣ кашф нашудааст. Аммо, мутаассифона, таҳқиқ, ҳифз ва муаррифии ёдгориҳои таърихӣ дар сатҳи зарурӣ пеш бурда намешавад. Шояд, баъд аз нашри мақолаи мазкур масъулини вазорати дахлдор ба ин масъалаи муҳим таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд?

Дар шумораи навбатии «Ҷумҳурият» аз 20 июни соли 2023 гузоришҳои муфассал аз сафари кории Президенти мамлакат ба ноҳияи Ховалинг нашр шудаанд. Ҳамчунин хабари расмӣ дар бораи мулоқоти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия, ҳамраиси Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ Марат Ҳусуллин ва дигар хабарҳои муҳим аз ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангиву варзишӣ дар ҳамин шумора пешниҳоди хонандагон шудааст.

Шумораи дигари «Ҷумҳурият» (14 июни соли 2023) матни суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар семинар-машварати занбӯриасалпарварӣ, ки 20 июни соли 2023 дар ноҳияи Ховалинг бо иштироки занбӯриасалпарварон аз тамоми ноҳияҳои мамлакат баргузор гардида буд, чоп кардааст.

Мақолаи «Тиргон. Эҳёи дигарбораи ҷашни миллӣ», хабари «Боздиди вазир аз НБО -и «Себзор» ва мақолаи «Омӯзгор намерасад. Чӣ бояд кард?» дар мавзӯҳои муҳим иншо шуда, бешак диққати хонандаро ба худ ҷалб мекунад. Чунончӣ, муаллифи мақолаи «МТС. Омӯзгор намерасад. Чӣ бояд кард?» навиштааст: «Ба ҳолати якуми октябри соли 2022 дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ 3539 омӯзгор намерасид. Аз ин шумора, ба вилоятҳои Хатлон 1777, Суғд 647, ВМКБ 67, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 815, шаҳри Душанбе 59 ва муассисаҳои таълимии мақоми ҷумҳуриявидошта ва хусусӣ 174 омӯзгор рост меояд. Агар ба омор назар кунем, тайи се соли охир дар муассисаҳои таълимии мамлакат 4117 омӯзгор кам гардидааст. Ин масъала боз чанд муаммои хурду бузургро ба бор оварда, ки инҳоянд: нахуст, ба ҳайси омӯзгор фаъолият намудани донишҷӯён, афзудани сафи омӯзгорони ғайриихтисосу ғайрифаннӣ ва коҳиш ёфтани сатҳи донишазхудкунии хонандагон».

Ҳарчанд, ки мақола роҳи ҳалли масъалаи мазкурро пурра нишон надода бошад ҳам, баррасии мавзӯи нарасидани омӯзгорон дар мактабҳои миёна шоистаи таҳсин аст.

Муҳлати амали Қонун «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандон» тамдид шуд

Нашрияи парлумонии «Садои мардум» дар баробари нашри хабару гузоришҳои расмӣ оид ба сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ховалинг ва мулоқоти Президенти мамлакат бо намояндаи Ҳукумати Федератсияи Русия, ҳамчунин Қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи ҷамъбасти натиҷаи ниҳоии интихоботи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази узви хориҷшуда дар ҳавзаи интихоботии бисёрмандатӣ оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вилояти Хатлон №3, бақайдгирӣ ва тасдиқи ваколатҳои узви интихобшуда нашр кардаст. Тибқи қарори мазкур ба Саид Давлаталӣ шаҳодатномаи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида мешавад.

Нашрия ҳамчунин рафти ҷаласаи нав­батии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум, ки 21-уми июни соли 2023 таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагон М. Зокирзода баргузор гардида буд, пурра бо суханрониҳои вакилон ва шахсони ба ҷаласа даъватшуда инъикос кардааст.

Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон ёздаҳ масъала мавриди баррасӣ қарор дода шуда буд. Аз ҷумла, Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикис­тон», ки бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст, аз ҷониби вакилон қабул гардид. Мақсад аз қабули қонуни мазкур фароҳам овардани шароити мусоид барои бозгардонидани дороиҳо, маблағҳо ва ҷалби сармояи шаҳрвандон ба иқтисоди миллӣ, таъмини шаффофият, коҳиш додани ҳиссаи иқтисоди пинҳонӣ ва фаъол намудани сармоягузорӣ барои рушди соҳибкорӣ буда, натиҷаи мусбат ба бор овардааст. Тибқи тағйироту иловаи пешниҳодгардида муҳлати амали қонуни мазкур боз 6 моҳ тамдид карда шуд.

Ваҳдати миллӣ — ифодагари хиради азалии Пешвои миллат

Нашрияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Народная газета» бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ, ки дар саросари мамлакат 27 июн ҷашн гирифта мешавад, шумораи рангаро пешниҳоди хонандагон кардааст.

Дар саҳифаҳои шумораи рангаи нашрия олимон, журналистон, ходимони давлатӣ, сокинони вилояти Бадахшон ва вилояти Суғд -одамони касбу кори гуногун оид ба нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими Ваҳдати миллӣ, шаҳомат, рисолат ва баракату самараи он фикру мулоҳизаҳои худро баён кардаанд.

Ҳафтаномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» бо сарлавҳаи «Ваҳдати миллӣ — ифодагари хиради азалии Пешвои миллат» мақолаи доктори илмҳои педагогӣ Ш. Сафаровро нашр карда, андешаҳои варзишгарони ҷавони мамлакатро оид ба аҳамият ва моҳияти Ваҳдати миллӣ пешкаши хонандагони худ кардааст. Мақолаҳои «Суоли беҷавоб», «Пояи зиндагии шоиста», «Тақвиятбахши манфиатҳои миллӣ» низ дар мавзӯи Ваҳдати миллӣ навишта шудаанд.

Нашрияи «Омӯзгор» оид ба таъсис ёфтани Телевизиони таълимӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, соҳиби хонаи истиқоматӣ гардидани 39 устодону кормандони ҷавони Донишгоҳи миллӣ, баргузор шудани ҷаласаи сайёри Вазорати маориф ва илм дар вилояти Хатлон хабарҳо нашр карда, дар мавзӯи тарбияи психологӣ мусоҳибаи нашрияро бо мутахассиси соҳа Г.Абдураҳмонов пешкаши хонандагон намудааст. Мақолаҳои «Навиштаҳои пурғалат», «Оё «аёдат»-ро дуруст истифода мебарем?», «Такмили ихтисос» ё «такмили тахассус?», инчунин матлабҳои муаллифӣ дар мавзӯи Ваҳдати миллӣ дар саҳифаҳои дигари нашрия пешкаши алоқамандони мактаб ва маориф шудаанд.

Акрам Сангзода,
АМИТ«Ховар»

АКС аз бойгонӣ

Июнь 22, 2023 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Фестивал-озмуни «Вассофи-Ватан» қадрдонӣ гардиданд
Бозиҳои 18-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз гардид
Байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Институти Гёте санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Беларус баргузор мегарданд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил гардид
«ВАССОФИ ВАТАН». Имрӯз дар кинотеатри «Ватан» 12 нафар ғолибони фестивал-озмун муайян мешаванд
«ВАССОФИ ВАТАН». Пагоҳ дар кинотеатри «Ватан» 12 нафар ғолибони фестивал-озмун муайян мешаванд
ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон шабакаи алоҳидаи телевизионӣ барои таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад
«ВАССОФИ ВАТАН». 22 ноябр ғолибони фестивал-озмун муайян ва қадрдонӣ мешаванд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Беларус баргузор мегарданд
Дар Маркази фарҳангии мероси исломии «Ярмук»-и Кувайт Шоми мусиқии классикии тоҷикӣ баргузор гардид
Дар Донишкадаи санъати театрии Русия спектакли «Заҳҳок» намоиш дода шуд